Тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи ҲХДТ
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи розигии роҳбарияти ҲХДТ ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Шарифова Фирӯза Бурихоновна таъин гардид. Фирӯза Шарифова соли 1973 дар шаҳраки Маскави ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1995 Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1995 аз муҳаққиқ – коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳамчун аспиранти кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон то соли 1999 фаъолият кардаааст. Солҳои 1999 – 2001 дар вазифаи мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ кор карда, аз соли 2001 дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ фаъолият менамояд. Соли 2003 ба вазифаи муовини сардор ва сардори идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон таъин мегардад. Бо таҷдид шудани сохтор аз соли 2007 то инҷониб дар вазифаи сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон фаъолият намуд.Номбурда вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад. Оиладор, соҳиби як фарзанд аст.Дар ин бора аз Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ доданд.Таъкид бояд кард, ки ҲХДТ аз ҳизбҳои пешсафи ҷомеаи кишвар ба шумор рафта, зиёда аз 200 ҳазор нафар аъзо дорад ва 85 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд, ки 42,5%-ро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






