Таҷлил аз Рӯзи Артиши миллӣ
Кӯлоб, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ ба табрики афсарону сарбозони қисми низомии 13 483-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг омаданд. Зикр шуд, ки имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон бо техникаву лавозимоти ҳарбии муосир таъмин гардида, метавонад аз марзу буми хеш дифоъ намояд. Афсарону сарбозони қисми низомӣ аз таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар, Вазорати мудофиа ва комиссариатҳои ҳарбӣ изҳори хушнудӣ карда, ваъда доданд, ки ба ватан хизмати садоқатмандона мекунанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






