Табодули таҷриба дар самти қонунэҷодкунӣ бо Фаронса

Февраль 5, 2013 17:15

Душанбе, 5 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Фаронса созмон дода шуд. Дар ин хусус дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон қарор қабул гардид. «Ҳадаф аз таъсиси гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар арсаҳои мухталиф маҳсуб меёбад, мегӯяд Марҳабо Чабборова, роҳбари гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Фаронса. Мавсуф афзуд, ки рисолати гуруҳи мазкур тавсеаи муносиботи ҳасанаи Душанбею Париж на танҳо дар самти омӯзиши таҷриба ҷиҳати қонунэҷодкунист, балки он дар тақвияти равобити ду кишвар дар бахшҳои илму маориф ва фарҳанг низ мусоидат хоҳад намуд. Марҳабо Ҷабборова, ки ҳамзамон раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонони Маҷлиси намояндагон аст, афзуд, ки дар шароти феълии гҷаҳонишавии ҷомеаи башарӣ, ки масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, хусусан илму фарҳанг ва тарбияи насли ҷавон яке аз масъалаҳои умдаи ҷомеа аст, парлумонҳои ҳар ду кишвар имкон доранд дар доираи фаъолияти гуруҳҳои дӯстию байнипарулмонӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ монанд. Мавриди зикр аст, ки масъалаи таъсиси гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса 18 январи соли равон зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон бо Дидйе Леруа-сафири Фаронса дар Душанбе матраҳ гардид. Ба гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Фаронса 3 вакили палатаи поёнии парлумони кишвар- Бибидавлат Афзалшоева, Шарофиддин Сироҷов ва Зиёратшоҳ Саъдулло шомил мебошанд. Дар Маҷлиси миллии Фаронса низ гуруҳи дӯстию ҳамкорӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса созмон дода шудааст. Аз шуъбаи робитаҳои байнипарлумонии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки байни Маҷлиси намояндагон ва парлумонҳои кишварҳои ҷаҳон 27 гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ фаъолият менамояд.

Февраль 5, 2013 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст