Таърих, имрӯз ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чин

Февраль 26, 2013 13:13

Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар»). – 25 феврал дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба 20 – солагии нахустмулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Чин конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Таърих, имрӯз ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чин» баргузор гардид.Дар табрикномаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ унвонии иштирокдорони конфронс гуфта мешавад, ки конфронс фасли баҳор ва дар шароити дигаргунсозиҳои беҳтарин дар кишварҳоямон доир шудааст. 20 сол муқаддам, моҳи марти соли 1993, дар Пекин аввалин мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Чин баргузор шуда буд. Дар ҷараёни нахустмулоқот принсипҳои асосӣ ва авлавиятҳои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ муайян намуда, таҳкурсии рушди минбаъдаи ин муносибатҳо ба нафъи сулҳу шукуфоии кишварҳоямон ва минтақа гузошта шуда буд.Дар табрикномаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ карда мешавад, ки намояндагони аҳли ҷамъият, илм ва тиҷорату соҳибкорони Тоҷикистону Чин ба кори наҷиби таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин саҳми бузург хоҳанд гузошт. Муовини вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Чен Гопин зимни суханрониаш дар ҷаласаи умумии конфронс вазъи муносибатҳои Чину Тоҷикистонро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти таърихии нахустмулоқоти роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Чинро хотирнишон сохт.Дар конфронс академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми иқтисод, профессор Талбак Назаров гузориши муфассалу пурмазмунро ироа намуд.Суханронии муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназаров ба дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин бахшида шуда буд. Дар кори конфронс ноиби президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин профессор Ли Ян, директори Пажӯҳишгоҳи рушди иҷтимоии Аврупо ва Осиёи назди Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин сафир Ли Фунлин ва олимону муҳаққиқони дигари маъруф ширкат доштанд.Конфронс бо ибтикори Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.

Февраль 26, 2013 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст