Ташкили конгресс дар Русия оид ба масоили қавмӣ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова) – Конфронси муассисони конгресси умумирусиягии этножурналистон бо номи «Фарҳанги ҷаҳон» бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Русия 31 январи соли 2013 дар шаҳри Маскав барпо шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.Ба иттилои манбаъ, дар конфронс роҳбарони созмонҳои миллии ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ, намояндагони ВАО-и федералӣ, минтақавӣ ва этникӣ ширкат намуданд. «Мақсади асосии баргузории конфронс –ин ташкили созмони ҷамъиятие буд, ки он дар Маскав ва дар дигар минтақаҳои Русия рӯзноманигорони касбиеро, ки дар ВАО мавзуъҳои муносибатҳои байналмиллӣ ва фарҳанги этникиро инъикос менамоянд, сарҷамъ намояд. Дар оянда ифтитоҳи бахшҳои хориҷии конгресси умумирусиягии этножурналистон -«Фарҳанги ҷаҳон» дар назар аст», -хабар доданд аз маркази матбуоти Намояндагӣ.Котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Иброҳим Аҳмадов ба конгресси журналистони этникӣ пешниҳод намуд, ки як воситаи таъсир ба намояндагони ВАО-еро, ки ҳангоми инъикоси масоили байналмилалӣ маълумоти бардурӯғ пешниҳод мекунанд ва ё хабарҳои аз ҳақиқат дурро паҳн мекунанд, таҳия намоянд. Ӯ дар ин маврид чанд мисоли мушаххас низ овард. Пешниҳодҳои И. Аҳмадов аз ҷониби кумитаи ташкилии конгресс барои баррасӣ ва истифода қабул шуданд. Ҳамчунин дар мавриди ташкили манбаи ғояҳо барои татбиқи лоиҳаҳое, ки масоили байналмилалӣ ва байни қавмҳоро инъикос менамоянд, пешниҳодҳо ироа шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






