Таъсиси маркази ташхисӣ бо системаи телемедитсина

Февраль 19, 2013 15:52

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Фаронса дар сатҳи баланд қарор доранд ва аз фурсати муносиб истифода бурда мо миннатдории бепоёни хешро изҳор менамоем, гуфт зимни вохӯрии имрӯза вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов бо сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидйе Леруа. Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа низ изҳор дошт, ки аз ҳамкориҳо бо Вазорати тандурустӣ қаноатманд аст. «Мо омодагии хешро ҷиҳати рушди соҳаи тандурустии кишвари Тоҷикистон иброз медорем», — илова намуд сафир.Бояд зикр кард, ки барои анҷом додани даврҳои эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ ба ҷумҳурӣ ба маблағи 125 ҳазор евро 600 ҳазор вояи ваксина дастрас гардидааст. Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ бо мақсади дарёфти саривақтии беморони сил, аз ҷумла сили шакли мутобиқгашта ва дигар бемориҳои сироятӣ, дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо озмоишгоҳи Ассотсиатсияи Мерёи давлати Фаронса, бо дастгирии Хазинаи ҷаҳонӣ дар ҳудуди Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология сохтмони Озмоишгоҳи минтақавии тандурустии ҷамъиятии ба номи Рудолф Мерёро бо маблағи 13 млн. 765 ҳаз. 980 сомонӣ анҷом дод. Чунин озмоишгоҳи замонавӣ ва пуриқтидор то ҳол дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вуҷуд надорад. Озмоишгоҳ бо лавозимоти техникию тиббии муосир бо маблағи 1 млн. 371 ҳаз. 37 сомонӣ ҷиҳозонида шуда, барои дарёфти саривақтии бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд. Ифтитоҳи расмии иншооти мазкур дар арафаи ҷашни Наврўз ва дар давоми соли 2013 ба нақша гирифта шудааст.Ҳамчунин дар назар аст, як Маркази ташхисӣ бо системаи телемедитсина, ки бо муассисаҳои махсуси тандурустӣ пайваст мегардад, таъсис дода шавад.

Февраль 19, 2013 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст