Телефони «Боварӣ»-и ВКД сазовори боварист

Февраль 5, 2013 12:10

Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Соли дуввум аст, ки телефони боварии вазири корҳои дохилӣ бо рақамҳои 221-21-21 амал мекунад, ки он дар байни аҳолӣ сазовори эътимод гардидааст.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, дар моҳи аввали соли равон беш аз 46 арзу шикоят ва дархости мардум ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, шаҳрванд Баҳодур Қурбонхолов, сокини кӯчаи Шерозии шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки ӯро шахси номаълум мавриди латукӯб қарор дода, ба ӯ зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст.Ин ҷиноят аз тарафи кормандони фаврии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт сари вақт ошкор гардида, барои содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Юнусов Тоҳир Салимович, соли таваллудаш 1988, сокини кӯчаи Шерозӣ 20/5 дастгир ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.Ҳамчунин шаҳрванд Парвиз Шарифов арзи нисбат ба муносибати дағалонаи сардори бахши Бозрасии давлатии автомобилии ШВКД дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, майори милитсия Баҳодур Ҷононов ворид гардид, ки он низ сари вақт мавриди санҷиш қарор дода шуд. Муайян гардид, ки дар ҳақиқат майори милитсия Баҳодур Ҷононов муносибати ғайринизомӣ намуда, шаҳрванд Парвиз Шарифовро дар асоси қисми 1 моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи ду нишондод ҷарима намудааст.Аз ин рӯ майори милитсия Баҳодур Ҷононов барои дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаи хизматӣ ва муносибати ғайриоинномавӣ ба ҷазои интизомӣ ҷалб карда шуд.Хотиррасон менамоем, ки телефони боварӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ҳар нафар метавонад бевосита бо он занг зада, бе сарфи маблағ аз шабакаҳои телефонӣ, ройгон оид ба ҳама гуна қонуншиканӣ, ҷиноятҳои вазнин, аз қабили таҳрибкорӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва ё террористӣ, одамкушӣ, одамрабоӣ ва инчунин қонуншиканӣ аз ҷониби худи кормандони милитсия арзу шикояти худро пешниҳод намояд.

Февраль 5, 2013 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст