Торнамои ҳамоиши байналмилалӣ ифтитоҳ мегардад

Февраль 4, 2013 16:15

Душанбе, 4 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Торнамои интернетии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об нимаи аввали моҳи феврал ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ менамояд, гуфт муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимов. Ҳадафи конфронси мазкур, ки дар доираи таҷлили Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 20-21 августи соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши истифодаи захираҳои обӣ, тарғиби таҷриба ва дастовардҳо дар соҳаи амнияти экологӣ ва тақвияти ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар самти комёб шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола аст. Конфронс аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сомони Миллали Муттаҳид баргузор мегардад. Чиҳати иштирок ба ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СММ, интитутҳои СММ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва олимону коршиносон даъват мешаванд.

Февраль 4, 2013 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст