Убайдуллоҳи Убайд ба Душанбе меояд
Душанбе, 21 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шоми имрӯз Убайдуллоҳи Убайд- вазири таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Душанбе меояд. Ҳадафи сафари Убайдуллоҳи Убайд ба Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои ду кишвари ҳамҷавор –Тоҷикистону Афғонистон дар бахши илму маориф буда, ҳамзамон вай бо ҳамтои тоҷикаш Нуриддин Саидов –вазири маорифи Тоҷикистон доир ба тавсеаи ҳамкориҳои ду давлат дар арсаи илму маориф мулоқот анҷом медиҳад. Абдусаттор Одинаев- мудири шуъбаи барномаҳои таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки зимни сафари вазири таҳсилоти олии Афғонистон ба Тоҷикистон дар Душанбе маҷмӯи санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаҳои ҳамкорӣ байни Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳироти Афғонистон, байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи Парвони Афғонистон ба имзо мерасанд. Убайдуллоҳи Убайд ҳамзамон бо ректорони муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон мулоқот намуда, аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид менамояд ва бо 200 муҳассили афғон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, вомехӯрад. Алҳол теъдоди донишҷӯёни афғон, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил менамоянд, 234 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо дар доираи санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Убайдулоҳи Убайдро ба Тоҷикистон ректори Донишгоҳи Кобул, кормандони вазорати таҳсилоти олӣ ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳамроҳӣ менамоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






