Вайронкунандагони қонун мансабдорон ва соҳибкорони инфиродиянд

Февраль 5, 2013 09:59

Кӯлоб, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Кормандони нозироти андози шаҳри Кӯлоб дар давоми соли 2012 – ум 48 андозсупорандаи ҳуқуқию воқеиро санҷида, дар натиҷа 46 вайронкунандаи қонуни андозро ба маблағи 134 ҳазору 948 сомонӣ ҷарима карданд. Бинобар иттилои сардори нозироти андози шаҳр Фарҳод Қурбонов аксари вайронкунандагони қонуни мазкур шахсони максабдор ва соҳибкорони инфиродӣ буда, нисбат ба онҳо ҷаримаи маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи умумии он 103 ҳазору 059 сомониро дар бар мегирад. Аз тарафи нозироти андоз ба 210 андозсупоранда ба маблағи 6 миллиону 393 ҳазору 500 сомонӣ огоҳинома ирсол шуда, 2 миллиону 180 ҳазору 900 сомонии он ба буҷаи шаҳр ворид гардид. Инчунин аз ҳисоби маҷбуран ситонидани бақияпулиҳои андоз то ин давра 1 миллиону 458 ҳазору 800 сомонӣ ба буҷа ворид гардидааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст.

Февраль 5, 2013 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст