101-умин соли матбуоти тоҷик муборак бод!
(Паёми шодбоши Шўрои ВАО-ҶТ)
Душанбе, 7 март (АМИТ “Ховар”).- Матбуоти даврии тоҷик ба ҳайси як ҷузъи собиқадори журналистикаи миллӣ ба соли 101-уми фаъолияти хеш оғоз менамояд. Аз чопи нахустрўзномаи тоҷикии “Бухорои шариф”, ки ба ифтихори зодрўзи он дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола 11 март чун Рўзи матбуот таҷлил мегардад, як асру як сол сипарӣ гардид.Дар ин давра матбуоти даврии тоҷик марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва рушди худро паси сар кардааст, ки моломол аз воқеаву рўйдодҳои гуворову нохуш ва равандҳои таърихан мондагор будаанд. Вале дар ҳар давру айём навиштани сухани ҳақ, интишори афкори созанда, тарғиби ғояҳои пешбари ҷомеа меҳвари фаъолияти нашрияҳои чопиро ташкил додаанду расонидани иттилооти дақиқ бо ҳадафи маърифатбахшӣ, гиромидошти фарҳангу суннатҳои миллӣ аз вазифаҳои аслии қаламкашону нигорандагони авроқи катбӣ будааст.Матбуоти даврии замони истиқлол бо омўзиши сабақҳо ва арҷгузорӣ ба анъанаву суннатҳои пешгузаштагони хеш, ҳамсаф бо дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ дар амри таҳкими давлатдории миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандорӣ, мусоидат ба ташаккулу рушди равандҳои демократисозии ҷомеаи имрўзаи тоҷик чун оинаи шаффофи рўзгори мардум хидматгузорӣ дорад.Бо вуҷуди фароҳам будани заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию эҷодии озодии сухан дар кишвар, баҳрабардорӣ аз ин озодиҳоро вобаста ба вазъи кунунии рушди матбуоти даврӣ наметавон қатъиян қаноатбахш ҳисобид. Бунёди сусти моддию молӣ, дастрасӣ ба манбаъҳои расмии иттилоот, идома доштани қазияҳои қонунан асоснок нагардида нисбат ба расонаҳои чопӣ ва журналистон аз мушкилоти давомдори матбуоти даврӣ боқӣ мемонанд. Дар чунин вазъу шароит, илова бар таваҷҷуҳи ғамхорона ва ҳамкории шарикии мақомоти расмӣ, рўй овардани идораи нашрияҳо, кормандони ВАО ва созмонҳои касбӣ ба усули худтанзимкунӣ бо риояи бемайлони “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аз омилҳои муассири таъмин намудани озодии сухан ва эътирофу соҳибэҳтиром гардидани нашрияҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа мебошад.Ҳамкасбони гиромӣ ва истифодабарандагону истеъмолгарони маҳсулоти чопӣ, ҳамкорону ҳаводорони матбуоти давриро бо иди касбӣ шодбош гуфта, озодиву масъулияти мувозии фаъолияташонро таманно дорем.Қироншоҳи Шарифзода,раиси Шўрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






