Қуръон ва Суннат – бозтоби таърихӣ ва амалии Наврўз
Наврўз нахустин рўзи баҳор, нахустин рўзи сабзтарин фасли сол, сароғози зинда шудани замин ва шукуфоиҳо ва вазидани насими дилангези баҳор ва садои нағмаҳои мурғони хушовоз аст. Ҳама чиз дар баҳор баёнгари нишоту таровату тозагист ва ҳатто боди шифобахши баҳорӣ навиди зиндагии наву тоза медиҳад ва ба гуфтаи Мавлоно дар Маснавӣ:
Гуфт Пайғамбар ба асҳоби кибор Тан мапўшонед аз боди баҳорОн чи бо барги дарахтон мекунад Бо тану ҷони шумо он мекунад.
Фасли баҳор дарси худшиносӣ, Худошиносӣ, дунёшиносӣ ва дарси дигаргун шудан ба самти рушду такомул аст. Агар инсонҳо аз ин табиати зебо дарс биёмўзанд, дар ҳақиқат ёд мегиранд, ки мабодо дар раванди зиндагӣ гоҳе ба рукуду беҳаракатӣ дучор шаванд, дар ҳеҷ шароите набояд навмед гарданд ва бояд мисли табиат ҳаракату талош барои дубора зинда шудан ва рушд карданро дар худ таҷриба кунанд. Агар инсон оғози зиндашавии табиатро оғози зиндагии нав барои худ ва барномаҳои нави зиндагӣ қарор диҳад, дар ҳақиқат фалсафаи ин падидаи зебои табиатро дарк намудааст.Ва ба гуфтаи Шайх Саъдӣ:
Кӣ тавонад бидиҳад меваи рангин аз чўб,Ё кӣ бошад, ки барорад гули садбарг аз хор,Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд,Ҳар ки фикрат накунад нақш бувад бар девор.Арғанун рехта бар даргаҳи хазрои чаман,Чашмаҳое, ки дар он хира бимонад абсор,Куҳу дарёву дарахтон ҳама дар тасбеҳанд.На ҳама мустамион фаҳм кунанд ин асрор.Офариниш ҳама танбеҳи Худованди дил аст,Дил надорад, ки надорад ба Худованд иқрор,Хабарат ҳаст, ки мурғони саҳар мегўянд.К-охар эй хуфта, сар аз болиши ғафлат бардор!
Наврўз дар давраи пеш аз Ислом дар сарзаминҳои гуногун ҷашн гирифта мешудааст. Аз ҷумла дар Эрони бостон ин ҷашн бисёр бошукуҳ ва бо растму оинҳои махсус баргузор мегаштааст. Ин ки оё ин ҷашн хусусияти динии хосе доштааст ё не, чандон маълум нест ва ҳамин қадар барои мо равшан аст, ки ин ҷашн бо оғози соли нав ва зинда шудани табиат пайванди ногусастанӣ дорад.Дини мубини Ислом вақте падид омад. дар миёни мардуми араб дар ҷоҳилият баъзе маросимҳо буд, ки бо ақлу хиради солим мухолифат мекард. Ин дини пок он маросимҳои ҷоҳилӣ ва мухолифи ақлро мамнуъ эълон кард. Вале баъзе маросимҳое буданд, ки бо ақлу хирад созгор ва барои ҷомеа муфид буданд ва ислом онҳоро тасдиқ намуд.Дар ин мақола саъй намудем дидгоҳи дини Исломро оид ба иди наврўз бо истифода аз сарчашмаҳои аслии он баррасӣ намоем. Ҳамон гуна ки гуфта шуд, равиши дини Ислом ва умуман ҳамаи динҳои осмонӣ дар бархурд бо расму оинҳои роиҷ дар миёни миллатҳо бар асоси мантиқу ақли солим будааст.Агар ба Қуръони карим муроҷиат намоем, оёти фаровонеро дар бораи дигаргун шудани вазъияти шабонарўзӣ, бориши борон ва аз нав зинда шудани табиат мебинем, ки дар канори он инсон ба тафаккур намудан дар ин падидаҳои табиат даъват шудаанд. Ҳамчунин ин ҳодисаи дубора зинда шудани табиат дар ин китоби осмонӣ ҳамчун шоҳиди айнии барпо шудани растохез ва дубора зинда шудани мурдагон оварда шудааст. Дар ин ҷо чанд намуна аз оятҳои Қуръониро ба унвони мисол зикр мекунем.«Ў касе аст, ки аз осмон обе нозил кард ва ба василаи он гиёҳони гуногун рўёнидем ва аз он соқаҳо ва шохаҳои сабз хориҷ сохтем ва аз онҳо донаҳои канори ҳам чидашуда ва аз шукуфаҳои дарахти хурмо, шукуфаҳое бо риштаҳи борик берун овардем ва боғҳое сабз аз навъҳои ангуру зайтуну анор рўёндем, ки (баъзеашон) бо ҳам монанд ва (баъзеашон) ба ҳам монанд нестанд. Ҳангоме ки мева медиҳанд, ба меваи он ва тарзи пухта расиданаш бингаред, ки дар он нишонаҳое (аз азамати Худо) барои афроди боимон аст». Ҳамон гуна ки мебинем, дар ин ояи Қуръонӣ нуктаҳои бисёр латиф ва омўзандаи ҳодисаҳои зебои табиат ба тасвир кашида шудаанд, ки ҳамаи онҳо дар фасли рўиш ва дубора зинда шудан, яъне баҳор рух медиҳанд. Андешидан рўи нуктаҳои зикршуда ва диққат намудан ба чунин падидаҳои табиат инсонро ба самти омўзиши он ва фарогирии чунин илмҳо ҷалб мекунад, ки натиҷаи он қадрдонӣ аз ин ҳама неъматҳо хоҳад буд.«Дар офариниши осмонҳо ва замин ва рафтуомади шабу рўз ва киштиҳое, ки дар баҳрҳо ба суди мардум дар ҳаракатанд ва обе, ки Худованд аз осмон нозил карда ва бо он заминро пас аз марг зинда намуда ва навъҳои ҷунбандагонро дар он пароканда аст ва (низ) дар тағйири масири бодҳо ва абрҳое, ки миёни замину осмон қарор дода шудаанд, нишонаҳое ҳаст барои мардуме, ки ақл доранду андеша мекунанд». Аз ин қабил оятҳо дар Қуръони карим фаровон аст, ки бо баёни илмӣ ва дақиқи ҳодисаҳои табиат инсонро ба тафаккур дар асос ва иллати пайдоиши ин ҳодисаҳо даъват намуда, қадрдонӣ ва ташаккурро аз Офаридагори ин низоми зебо зарурӣ медонад.Аз баъзе достонҳои Қуръон ҳам метавон чунин натиҷа гирифт, ки ҷашни бедории табиат дар миёни дигар ақвом ҳам будааст. Аз ҷумла дар достони ҳазрати Иброҳим(а) он замоне ки мардум ҳамроҳи Намруд ба саҳро рафтанд ва эшон нарафт ва ба бутхона рафту бутҳоро шикаст (сураи Соффот ояти 89 ба баъд). Ҳамчунин дар достони ҳазрати Мӯсо(а) он ҷое, ки бо Фиръавн барои исботи паёмбарии худ қарор мегузоранд, он рўзро «явму – ззина» (яъне рўзи ороиш ва зиннат) ном мебарад (сураи Тоҳо/59). Дар он рўз мардум барои ҷашн ба саҳро мерафтаанд ва маросимҳои гуногун иҷро мекардаанд. Ҳазрати Мўсо(а) ҳам бо истифода аз ин шароит барои нишон додани муъҷизаҳои худ ба аксари мардум, ҳамин рўзи ҷашнро интихоб намудааст. Аз он ҷо ки ба саҳро рафтани мардум бештар дар айёми баҳорӣ ва хуррамиву сарсабзии табиат сурат мегирад, эҳтимоли зиёд дорад, ки онҳо низ бедории табиатро ҷашн мегирифтаанд ва иде монанди иди Наврўз доштаанд ва ин масъала дар баъзе тафсирҳо, аз қабили «Мафотиҳул — ғайб»- и Фахри Розӣ ва «Руҳул — маонӣ»-и Олусӣ зикр шудааст. Дар ҳақиқат ҳазрати Мӯсо(а) аз ин шароит, ки як рўзи ид ва хушҳолии мардум буд, тавонист барои нишон додани ҳақ ва ботил ва роҳнамоии дурусти мардум истифода намояд ва ин рўзро рўзи бедорӣ ва зинда шудани дубораи дилу имони мардум гардонад.Умуман равиши ҳамаи пайғамбарон ин гуна будааст, ки бо мардуми замони худ ба андозаи фаҳмиши онҳо рафтору гуфтор доштаанд ва маросимҳоеро, ки бо тавҳиду яктопарастӣ мухолифат надоштаанд, манъ намекардаанд.Дар дигар сарчашмаҳои исломӣ, аз қабили китобҳои ривоӣ ва таърихӣ, ба Наврўз ба таври мушаххас ишора шудааст ва дар ин маврид мо ба ду тарзи нигариш рў ба рў мешавем. Яке тарзи нигариши мувофиқ бо Наврўз ва дигарӣ мухолифи он. Дар ин ҷо намунаҳое аз ривоятҳои мувофиқро зикр намоем.Дар китоби «Торихул — кабир»-и Бухорӣ омадааст: «Ҳаммод ибни Салма ибни Алӣ ибни Зайд аз Саъри Тамимӣ нақл мекунад: Барои Алӣ(р) фолуда оварданд. Он ҳазрат гуфт: ин чист? Гуфтанд: Имрўз Наврўз аст. Фармуд: ҳар рўзро Наврўз кунед». Дар китоби Абурайҳони Берунӣ «Ал-осорул-боқия» ба ин мазмун нақл шудааст, ки: «Дар рўзи Наврўз ҷоме симин пур аз ҳалво барои Пайғамбар(с) ҳадя оварданд. Ҳазрат пурсид: Ин чист? Гуфтанд: Имрўз рўзи Наврўз аст. Пурсид: Наврўз чист? Гуфтанд: Иди бузурги эрониён аст. Фармуд: Оре, дар ин рўз буд ки Худованд «аскара»-ро зинда кард. Пурсиданд: «аскара» чист? Фармуд: «аскара» ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онҳо фармуд: бимиред! пас мурданд. Сипас ононро зинда кард ва абрҳоро амр намуд, ки бар онон биборанд. Он гоҳ (паёмбар(с)) аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб Қисмат намуд ва фармуд: кош ҳар рўз барои мо наврўз буд». Аз ин ахбор чунин натиҷа ба даст меояд, ки Паёмбар(с) ва ёрони ў нисбат ба фарҳангу одобу русуми миллатҳои гуногун рафтори мантиқӣ ва нарм доштаанд. Дар ҳақиқат бар асоси дастуроти дини мубини Ислом рафтор намуда, расму одатҳоеро, ки бо руҳияи тавҳидии Ислом мухолифат надоштанд, инкор ва манъ наменамуданд. Ҳатто аз ин ривоятҳо чунин бармеояд, ки нисбат ба он расму одатҳое, ки хусусияти мардумӣ доштанд ва сабаби эҷоди меҳру муҳаббат ва ҳамёрию пайвандҳои дўстона мешуданд, ташвиқ ҳам доштаанд, зеро ҳамон гуна ки дар ривояти дуюм зикр шуд, Паёмбар(с) фармуданд: «кош ҳар рўз барои мо наврўз буд».Аммо бо каме диққат ба ин нукта метавонем бирасем, ки Наврўз дар ҳақиқат як навъ ид ва маросими миллӣ аст, ки асосан бо баҳору бедории табиат пайванд дорад ва пайванди он бо дину оини хоссе маълум нест. Аз ҳамин сабаб аст, ки ин ид дар тўли таърихи башарият зинда мондааст ва дар замони паёмбарони гузашта низ таҷлил мешудааст. Аз он ҷо ки ин ид мардумӣ аст ва одобу русуми муфиди иҷтимоӣ дар он ҷой дода шудааст, ҳаргиз наметавон онро бо руҳияи тавҳидии динҳои осмонӣ, махсусан Ислом мухолиф донист.Ба ҳамин хотир баъд аз зуҳури Ислом ин ид боз ҳам дар миёни қавмҳои мусулмоншуда аз ҷойгоҳи муътабаре бархурдор монд ва то ба имрўз таҷлил мешавад.Илова бар ин иди Наврўз муҳтавои худро аз маорифи исломӣ ғанитар сохта ва дар натиҷа як иди миллӣ – мазҳабӣ гаштааст. Суннатҳое дар ин ид ҷой гирифт, ки бевосита мавриди тасдиқ ва таъкиди Ислом мебошанд, аз қабили хонатакконӣ, хабар гирифтан аз хешовандон (силаи раҳим), поксозии муҳити зист, ҳадя додан ба якдигар ва шукргузорию сипос аз неъматҳо.Мардуми мусулмон дар иди Наврўз дуои муносибе доранд, ки дар он аз Худованд ҳамин тағйироти мусбат ва дигаргун шудан ба самти некиҳоро талаб мекунанд: «Ё муқаллиба-л-қулуби вал–абсор, ё мудаббира-л-лайли ва-н-наҳор, ё муҳаввила-л- ҳавли ва-л- аҳвол, ҳаввил ҳолано ило аҳсани-л- ҳол». «Эй Худованде, ки дигаргункунандаи дилҳо ва чашмҳо ҳастӣ ва корсози низоми шабу рўзи дунёӣ, эй дигаргункунандаи солу ҳолҳо, ҳоли моро ба некўтарин ҳол табдил соз». Наврўз бо чунин муҳтаво ва ниятҳо аз назари дини ислом мавриди қабул аст ва барои ҳар фарди мусулмон ва ҳар ҷомеае муҳтараму муфид хоҳад буд.Пас ҳар гоҳ инсонҳо дар маросими Наврўз ба дунболи чунин мафоҳими созанда ва лаззатбахш бираванд, ҳатман чунин наврўзе муборак аст, вале агар аз ин айём истифодаи бад бибаранд ва ба дунболи хурофоту исрофкориҳои беҳуда шаванд, бояд пеши роҳи онҳо гирифта шавад.Давлату миллати мо ҳам имрўз ин идро мояи ифтихори худ медонанд ва аз тариқи ин иди байналмилалӣ фарҳанги волои мардуми тоҷикро ба ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Аммо дар айни ҳол қонунҳо ва муқаррароте дорад, ки баргузории ин маросимро ба танзим медарорад. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баргузории чунин маросимҳо меъёрҳо ва чорчўбаи муайянро нишон додаанд.Умедворам ин баҳор ва ин Наврўз барои сарзамини мо ҳамроҳ бо шодию хуррамӣ ва баракату амнияту ободӣ қадам гузорад ва ҳамроҳ бо зиндаву тоза шудани табиат дилу дидаи мо низ ҳаёти дубора бигирад. Ба ҳамаи шумо ҳафт сини саломатию сарбаландӣ, саодату сарфарозӣ, сабукборию сомону сарвариро таманно дорам.Т. Асомиддиновдиншинос








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






