Ҳамкории Тоҷикистону Чехия вусъат меёбад

Март 5, 2013 15:58

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 5 март дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ҳайати Чехия баргузор гардид.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ширкати «Victoria Project» («Виктория проект») дар бозори Тоҷикистон фаъолият дошта, алҳол ширкатҳои дигари Чехияро барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ҷалб менамояд. Дар ҷараёни мулоқот намояндаи ширкати «Виктория проект» Михал Бартос аз нақшаҳои иштирок дар бунёди якчанд биноҳои истиқоматии Тоҷикистон хабар дод. Ҳайати Чехия ҳамчунин ба манзури баррасии имконияти бунёди корхонаи нав бо истифода аз технологияҳои навтарин бо роҳбарияти корхонаи кимёвии Ёвон мулоқот намуд. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Лариса Кислякова меҳмононро бо вазъи сармоягузории мамлакат ва имтиёзҳои сармоягузорон бо назардошти тағйири кодексҳои андозу гумрук шинос намуд.

Март 5, 2013 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст