Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Фарзона Дӯстматова). – Ба манзури рушди муносибатҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария 5 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Роҳбарии ҳайати Швейтсарияро вакили Шӯрои федералӣ оид ба созишномаҳои тиҷоратӣ, масъули муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодии Котиботи давлатӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ Эрик Мартин ва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Бӯриев Неъматҷон ба ӯҳда доранд.Дар ҷаласа ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, истифодаи сармояҳо ва вусъати фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Қобили зикр аст, ки соли 2011 муомилоти моли байни ҳар ду кишвар 62 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дода, соли 2012 ин рақам ба 95 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА расид.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






