Ҷамъомади ҳакамони бахши варзиши тоҷик

Март 12, 2013 15:08

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 11 март ҷамъомади ҳакамони бахши варзиши тоҷик оғоз ёфт, ки ҳангоми вохӯриҳои дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон дар мавсими нав фаъолият мекунанд.Тавре ки роҳбари кумитаи ҳакамони нозири Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдураҳим Бобоев ба дафтари матбуоти федератсияи мазкур хабар дод, машғулиятҳо дар ду гурӯҳ гузаронида мешаванд. Ҳакамҳои категорияҳои якум иборат аз 25 нафар бо роҳбарии Абдураҳим Бобоев фаъолият намуда, ҳаками таҷрибадор Раҳмон Муртазоев нозири техникии ҳакамҳои категорияи дуюм таъйин шудааст, ки он асосан иборат аз ҳакамони ҷавон аст. Мувофиқи суханони Абдураҳим Бобоев, баъди анҷоми ҷамъомад бо ҳакамоне, ки дар имтиҳоноти назариявию ҷисмонӣ муваффақ мегарданд, шартнома баста мешавад.

Март 12, 2013 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш