Амалиёти нотариалӣ дар Восеъ

Март 26, 2013 10:46

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Восеъ муроҷиати шаҳрвандон ба идораи нотариалии давлатӣ оид ба хариду фурӯши хонаҳои истиқоматӣ, гирифтани ваколатномаи ронандагӣ, ҳадяи манзилӣ истиқоматӣ ва дигар амалиёте, ки зарурияти иҷтимоӣ доранд, бештар гардида, он мувофиқи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда мешавад. Бинобар иттилои нотариуси давлатии идораи нотариалии ноҳия Фаридун Азизов аз соли сипаригардида то инҷониб 220 адад шартномаи хариду фурӯши манзил ба маблағи 59 ҳазору 204 сомонӣ, 96 адад ҳадяи маҳалли истиқоматӣ ба маблағи 11ҳазору 724 сомонӣ , 292 замонат (кафолатнома) ба маблағи 11 ҳазору 680 сомонӣ, 3662 адад ваколатнома оид ба идора намудани воситаҳои нақлиёт ба маблағи 120 ҳазору 647 сомонӣ ва дигар шартномаҳои ҳуқуқӣ дар идораи нотариалӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари шартнома ба гирифтани ваколатнома оид ба идора намудани воситаҳои нақлиёт мансубият доранд. Ба гуфтаи манбаъ идораи натариалӣ то инҷониб 5017 адад амалиёти нотариалӣ гузаронид, ки маблағи умумии он 586 ҳазору 923 сомониро дар бар мегирад.

Март 26, 2013 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст