Баррасии масоили рушди боғдорӣ дар ҲХДТ

Март 12, 2013 16:46

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Бо ибтикори муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров рӯзи 15-уми март маркази таблиғот ва таҳлили ин ҳизб дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои кишоварзии кишвар ҳамоишеро дар мавзӯи “Самаранокии иқтисодии соҳаи боғу токпарварӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он дар мамлакат” баргузор мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ мизи мудаввар бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, дар он роҳбарияти ҲХДТ, вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар, коршиносону олимон аз Вазорати кишоварзӣ, ҳамчунин институтҳои иқтисодиёт ва боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва бархе аз роҳбарони хоҷагиҳои боғу токпарварӣ ва дигар шахсони масъул иштирок хоҳанд кард. Манбаъ афзудааст, ки чорабинии мазкур ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои ҳизбӣ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Март 12, 2013 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш