Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Эътирозгароӣ дар Калумбия Душанбе, 05 март .(АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаҳои хабарии Аврупо менависанд, дар Колумбия фермерони қаҳвапарвар нисбат ба ҳукуматдорони кишвар намоиши эътирозӣ доир намуда, аз ҳукуматдорон талаб доранд, ки музди меҳнати онҳо ва кўмакпулӣ дар соли 2013 баланд бардошта шавад. Вобаста ба ин президенти мамлакат Хуан Мануэл Сантос аз тариқи телевизиони марказӣ баромад намуда, аз фермерон даъват кард, ки аз намоишҳои эътирозӣ даст кашанд, зеро ин иқдоми онҳо ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд ворид менамояд. Мувофиқи иттилои расида, дар намоишҳои эътирозӣ ҳазорҳо нафар кормандони соҳа иштирок менамоянд. Ҳангоми пароканда кардани тазоҳуротгарон дар байни онҳо ва кормандони мақомоти полис задухўрд ба амал омад. Эътирозгарон ба сўи кормандони полис ҳар гуна ашёҳо ҳаво дода, муқовимат нишон доданд. Кормандони мақомоти қудратӣ барои пароканда кардани намоишчиён аз гази ашковар ва воситаҳои дигар истифода бурданд. Нишасти ҳавопаймо дар фурудгоҳи эҳтиётӣ Душанбе, 05 март .(АМИТ «Ховар»).- Тавре ки дар шабакаи интернетии «Фарснюс» омадааст, ҳафтаи равон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қоҳираи Миср сарнишини ҳавопаймо, ки аз рўи хатсайри шаҳри Абудабии Аморати Муттаҳидаи Араб- Қоҳира парвоз мекард, маҳорати баланд нишон дода, нишасти тайёраро дар фурўдгоҳи эҳтиётӣ таъмин намуд. Ба гуфти расонаҳои хабарии дохили кишвар ҳангоми ба фурудгоҳ наздик омадан чархҳои ҳавопаймо кушода нашуда, дар рӯи замин тақрибан ним соат ҳавопаймо чарх задааст. Аз ин рў сарнишинро лозим омад, ки ба фурудгоҳи эҳтиётӣ нишинад. Бояд гуфт, ки дар дохили ҳавопаймо зиёда аз 100 нафар мусофир қарор дошт. Хушбахтона ягон мусофир осеб надид. Мутахассисон сабабҳои асосии кушода нашудани чархҳои ҳавопайморо муайян менамоянд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






