Чашми воқеъбин мебояд
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»).-Раёсати Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз иттилооти бардурўғу иғвоангезонаи як зумра расонаҳои хабарӣ дар сомонаҳои интернетӣ сахт дар шигифт шуда, тасмим гирифт, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон асли масъаларо тавзеҳ бахшад, то ба ин мавзуъ бо нигоҳи нек назар афканда шавад.Дар воқеъ, масъалаи тарбия дар Донишгоҳи омўзгорӣ дар радифи таълим яке аз масъалаҳои умда ва асосӣ маҳсуб меёбад. Раёсати донишгоҳ пайваста бар он мекўшад, ки дар баробари раванди таълим кори тарбияро низ пурзўр намояд. Табиист, ки тарбияро бояд аз пўшиши либос оғоз кард. Бо ҳадафи ҷорӣ намудани либоси ягона дар таълимгоҳ бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 30-юми октябри соли 2012 «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷўёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» ба тасвиб расид, ки либосҳои тавсиягардида зебою шинам ва муҳимтар аз ҳама, нархи барои кулли толибилмон дастрас доранд. Дар дастурамали мазкур ба донишҷўён дар ҳама фасли сол чӣ гуна либос пўшидан тавсия дода мешавад. Дар назорати дастаҷамъонаи доимию муқаррарие, ки субҳи 27-уми марти соли равон дар назди даромадгоҳи донишгоҳ баргузор гардиду ҳангоматалабон барои хонданӣ шудани сомонаашон аз он «сенсатсия» сохтанд, ягон амали нораво ва ё иқдоми нозасое ба вуқуъ напайваста буд, танҳо чун ҳамешагӣ татбиқи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ тақозо мешуд. Магар аз омўзгор ва ё донишҷў талаб кардани либоси шинам ва бо ин васила дар зеҳни онҳо бедору талқин намудани эҳсоси зебоипарастӣ амали нозаруру боиси гапу калочаҳост?! Шумо худ холисона қазоват намоед, магар бо «иринка»-ю «макасинка», «тангем»-у «шлепка» ба даргоҳи муқаддас омадан ҷоиз аст?! Мавриди зикр мебошад, ки ба ҷуз аз донишҷўёну омўзгорон ба донишгоҳ ҳамарўза наздик ба 100 нафар марду зан-кормандони қисми хоҷагӣ медароянду мебароянд, агар дастурамали ба тасвибрасида амалӣ нагардад, дар донишгоҳ донишҷўро, ҳатто аз фаррош тафовут карда намешавад. Чун аз номи донишгоҳ бармеояд, дар ин маърифатгоҳ омўзгорони оянда, ашхосе, ки тарбияи ҷомеа бар дўши онҳост, таҳсил менамоянд, агар аз имрўз тарбияи дурусти онҳо ба роҳ монда нашавад, магар фардо дер нахоҳад шуд?!Бо хондани хабарҳои дар сомонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла, Радиои «Озодӣ», «Озодагон», «Тоҷнюс» ва як зумраи дигар хулоса намудан мумкин аст, ки ҳамагӣ ҳангоматалабона ва иғвоангезонаанд. Шояд эҳтимоле низ вуҷуд дошта бошад, ки пахши ин хабарҳо аз ҷониби ашхоси пушти сангарҳо пинҳоншуда фармоишӣ ҳастанду мақсадашон паст задани обрўю эътибор ва мартабаи волои маърифатгоҳи куҳансол мебошад. Барои ғаразнок будани нигоштаҳои расонаҳои хабарӣ далелҳо фаровонанд. Масалан, як чизи оддӣ: дар сомонаи «Тоҷнюс» дарҷ шуда, ки гўё ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов гуфтааст, ки «донишҷўдухтарон ба дарсҳо бояд бо пойафзоли пошнааш аз 5 то 10 см баланд оянд». Дурўғи маҳз! На дар Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷўён ва на дар суханони сарвари таълимгоҳ ин гуна миқдормуайянкунӣ зикр нашудааст. Танҳо тақозо мегардад, ки донишҷўён туфлиҳои ба худ мувофиқу зебанда пўшанд, на ин ки бо пойафзолҳои хонагӣ ба дарс биёянд. Сомонаи Радиои «Озодӣ» дар ин маврид нигаронии ду нафар донишҷўдухтар-Мавзуна ва Насибаро пахш карда, ки гўё онҳо ба пойафзоли пошнапаст одат кардаанду бо ин сабаб аз дарсҳо дур карда шудаанд. Рўзноманигорони арҷманд, магар Мавзунаю Насиба насаб надоранд?! Ва ё касбияти журналистиатон то ин ҳад дар сатҳи паст аст, ки насабу факултаашонро муайян карда натавонистед?! Не, маълум, ки таҷрибаатон бисёр пурқувват буда, ки метавонед, ҳатто, аз номи донишҷўён худ андешаронӣ намоед. Ақидаҳо аз номи ин ду нафар ва «донишҷў»-и дигар Фирдавс комилан сохтаанд. Ин низ далели дигари иғвоангезонаю ҳангоматалабона будани хабарҳои пахшгардида мебошад.Ин ҷо суоле ба миён меояд: чаро аз муваффақиятҳои донишгоҳ чашм пўшида мешаваду касе боре як хабарак наменависад ва чун амале аз дидгоҳи танги манфиатҷўёну ҳангоматалабон нораво шуморида мешавад, ҳамагон бо як оҳанг гўё мунтазири ишораи «дирижер» буданд, ба «навохтан» медароянд?! Ин низ далели боэътимоди дигар аст.Мебояд гуфт, ки раёсати донишгоҳ пайваста бар он мекўшад, ки омўзгор аз донишҷў, донишҷў аз корманди хоҷагӣ бо рафтору кирдор ва ахлоқу одоби либоспўшӣ фарқ кунад. Барои мисол метавон қайд кард, ки ҳатто, дар синфхонаҳо барои муаллимон мизу курсии махсус сохта ба истифода дода шуд, то аз мизу курсии донишҷўён тафовут намояд. Чаро дар ин хусус рўзноманигорони гиромии мо чизе наменависанд? Ва ё кормандони амният ва хоҷагии донишгоҳ бо либосҳои махсус таъмин гардиданд, чаро ин мавзуъ низ аз мадди назари нигорандагон пўшида монд?! Вақте ин гуна пешравиҳои назаррас аз чашми хабарнигорони муҳтарами мо дур меафтанд, пас, ҳоҷат ба гуфтани таҷҳизи синфхонаҳо бо технологияҳои муосир, ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст гардидани тамоми компютерҳо, таҷдиди ҷиддии нақшаҳои таълим ва бо талаботи замон мувофиқ гардонидани онҳо, таълифи низомномаю дастури вазифавӣ барои кулли зерсохторҳою кормандон ва ғайраву ҳоказо заррае намемонад.Дар анҷом аз ҳамаи нигорандагон хоҳиш менамоем, ки ба фаъолияти донишгоҳ бо чашми воқеъбин назар андўзанду ба иқдоми пешгирифтаи раёсати таълимгоҳ баҳои холисона диҳанд.Маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ