Дарёфти маводи нашъадор
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-1 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Абдуносир Раҳмонов, соли таваллудаш 1976, сокини кӯчаи Н.Қарабоев дастгир шуд. Зимни кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи гумонбаршуда 1 килою 542 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Инчунин ҳангоми кофтукови хонаи истиқоматии ӯ 1 килою 500-грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






