«Хоки Ватан» ва нақши он дар ваҳдат ва худогоҳии миллӣ

Март 27, 2013 10:15

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»). — Иҷлосияи таърихии ХV1- уми Шўрои Олии Тоҷикистон ҳукумати навро рўи кор овард, ки ҳадафи аввалинаш барқарор намудани сулҳ дар Тоҷикистон буд. Ҳукумати нав бо роҳбарии Раиси Шўрои Олии Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корро аз барқарории сулҳ ва бозгашти фиририёни иҷборӣ шурўъ кард. Самти кори радио ва телевизиони давлатӣ низ билкул тағйир ёфт. Ғояи сиёсии ҳукумати нав- тарғиби сулҳ, ваҳдати миллӣ асоси кори ин расонаҳо гардид. Инчунин ба Ватан бозгардонидани гурезагон яке аз самтҳои стратегии радио ва телевизиони он давр буд, зеро баъд аз воқеаҳои фоҷиабори нимаи дуюми соли 1992, мардуми зиёде фирорӣ шуданд ва вазъият тарзе сурат гирифт, ки оилаҳо ба ҳар ҷониб пароканда гардида, писар падар ва модар духтар, бародар хоҳарро меҷуст. Ҳанўз аз 8- уми майи соли 1992 дар барномаҳои иттилоотии ахбор эълон дар бораи ҷустуҷўи хешу ақрабо пахш мешуд. Тадриҷан, дар барномаҳои «Паёми рўз» ин раванд вусъат ёфт. Кор ба ҳадде расид, ки ҳатто дар аксари барномаҳои «Паёми рўз» ва «Ахбор» миқдори чунин эълонҳо ба маротиб афзуд. Радио, ки қисмати зиёди мардум ба он дастрасӣ доштанд, ягона маъвои умеди корафтодагон буд. Аз ҷониби дигар, роҳбарияти радио низ роҳи бартараф кардани чунин вазъиятро пайваста ҷустуҷў мекарданд, зеро бар асари воқеаҳои маълуми моҳи май- ноябри соли 1992 ва шиддат пайдо намудани ҷанги ҳамватанӣ як қисми ҳаммиллатони мо ба хориҷ, ба давлатҳои исломии Афғонистон, Покистон, Эрон, Федератсияи Русия, чумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳои муштаракулманофеъ фирорӣ шуданду ташкили як барнома метавонист ҷиҳати ба Ватан баргаштани онҳо мусоидат намояд. «Маҷмўи умумии муҳоҷирони иҷбории тоҷик 620 ҳазору 113 нафарро ташкил медод» [26]. Аз ҳама муҳимаш, масъалаи ба Ватан баргардонидани гурезаҳо самти асосии фаъолияти ҳукумати навташкил бо роҳбарии раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки номбурда дар Иҷлосияи 16- уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо тайёрам ҷони худро нисор кунам». Чун бозгашти фирориён яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи он замон буд, мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои амалӣ намудани ин матлаб пайваста чорасозӣ мекарданд. Ва ниҳоят, нимаи дуюми моҳи марти соли 1993 ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд, ки масъалаи асосии он ба Ватан баргардондани гурезагон буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кор бо гурезагони иҷборӣ ва бозгардонидани онҳо ба Ватан аз ҳисоби мутахассисони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 2 гуруҳи корӣ созмон дод. Сарварии гуруҳи дуюмро, ки мебоист дар самти Қундуз фаъолият намояд, мушовири Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои вазорати номбурда Сангмуҳаммад Зуҳурзода бар уҳда дошт. Ин гуруҳ тавонист 30 ҳазор нафар гурезаро ба Ватан баргардонад. Барои баргардонидани фирориёни иҷборӣ ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ зарур буд. Дар ин самт матбуот, радио ва телевизион нақши муҳим бозида метавонистанд. Аммо аз байни ин воситаҳои иттилоотӣ бо чунин омилҳо радио мавқеи муҳим дошт:• дар он давра барои расонидани матбуоти чопӣ — рўзнома, ҳафтаномаю варақаҳо ва паҳн намудани онҳо дар байни фирориён имкони воқеӣ мавҷуд набуд, аммо радио чун воситаи бесими алоқа ба онҳо дастрас буд;• бо сабаби набудани нерўи барқ ва надоштани дастгоҳи қабул, фирориён барномаҳои телевизионро тамошо карда наметавонистанд, аммо барномаҳои радиоро бо батарея гўш намудан мумкин буд;• аз миёни расонаҳои электронии ахбор ҳанўз интернет ташаккул наёфтаву мавқеи муҳим надошт, аммо радио дар шароити Тоҷикистон дар бозори расонаии он вақт пешсаф буд; • дар шароите, ки иртиботи минтақаҳо комилан аз байн рафта буд, радио қодир буд чун воситаи муқтадири иртибот барои табодули назари сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, даъвати онҳо ба сулҳу субот хизмат кунад. Аз тарафи дигар, на танҳо фирориёни хориҷӣ, балки гурезагони дохилӣ низ ба як маркази иртибот ниёз доштанд ва дар он шароит танҳо радио имкон дошт робитаи дуҷонибаи онҳоро ба миён орад.Ба ин хотир, ҳукуматдорони вақт нисбат ба дигар намудҳои ВАО ба радио бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд, чунки ин расона метавонист дар ҳалли мушкилоти ҳукумат ва фирориёни иҷборӣ нақши ҳалкунанда бозад ва дар баробари дигар вазорату идораҳо ба Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ супуриш дода шуд, ки дар ҳалли ин масъала мусоидат ва дар бобати ба Ватан баргардондани фирориён барномаи хоссаи радиоӣ таҳия намояд. Муовини аввали раиси Кумита, пофессор Иброҳим Усмонов дар ҷаласаи роҳбарияти он ба масъулини радио супориш дод, ки идеяи таҳияи чунин як барномаро пешниҳод созанд. Бори нахуст ҳайати кории ҳукуматӣ барои воқиф шудан аз вазъи гурезаҳои бадахшонӣ ба Хоруғ рафт, ки хабарнигори Радиои Тоҷикистон Бобо Бекмуродов ба он шомил буд. Баъди бозгашт шумораи аввалини барнома омода шуд ва дар сенария муроҷиатномаи Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанони хориҷӣ ҷой дода шуд, ки фишурдааш чунин буд: «…ҳамватанони азиз, ман ба шумо куҳи тилло ваъда намедиҳам. Як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехўрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизор аст… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ…!». Ҳамчунин суханронии вазири вақти меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва мусоҳиба бо се гуреза аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷой дода шуд. Пешгуфтори барномаи нахуст бо унвони «Руҷўи муҳаррир» оғоз гардид, ки дар он омадааст: «Ҳамватанони азиз! Тоҷикистон ба вартаи низои дохилӣ кашида шуд. Душманони дохилӣ ва хориҷӣ тавонистанд моро ба гуруҳҳо ҷудо намоянд. Тоҷикистон дар арафаи тақсим қарор дошт. Инро кишварҳои ҳамҷавор, хориҷӣ, абарқудрат ва гуруҳҳои ҷудоиталаби мамлакат мехостанд. Лекин тақдир ба мо инсонеро дод, ки мақсадаш сарҷамъ намудани миллат аст. Роҳбарияти нави ҳукумати Тоҷикистон нияти нек дорад: сулҳ меорад, ваҳдат мекунад, Тоҷикистонро обод менамояд ва муҳимтар аз ин, шумо, ҳамватанони азизро ба Ватан бармегардонад. Магар зиндагӣ дар Ватан беҳтарин неъмат нест? Оё дар байни шумо касе ҳаст, ки ба меҳани аҷдодӣ бозгаштан нахоҳад? Магар шахсе, ки Ватани худро дўст намедорад, модари худро дўст дошта метавонад? Не! Тоҷик меҳандўст аст, ватанпараст аст, ба модар, Ватан, миллат, сарзамини аҷдодӣ муҳаббат, садоқат, ишқ, рафоқат дорад. Мо ба ҳам меоем, муттаҳид мегардем, ҳамфикр мешавем ва сарзамини аҷдодии худро обод мекунем. Бовар кунед, агар ҳамбаста набошем, Тоҷикистон пора- пора мегардад, тоҷик ҳамчун миллат нест мешавад, дар ба дар мегардад, овора мегардад, хор мешавад. Медонем, ки дар дили ҳар яки шумо доғе ҳаст. Яке писар гум кардаву дигаре падар, сеюмӣ хоҳару чаҳорумӣ бародар. Ҳамватанони азиз! Биёед, ин бадбахтиҳоро фаромўш кунем. Қисмати Ватан, миллат, давлат, Тоҷикистони азиз дар дасти мову шумост… ». Чун масъалаи ба меҳан бозгардонидани фирориёни иҷборӣ самти усулии (принсипиалии) сиёсати ҳукумат буд, кормандони радио барои иҷрои ин амр бештар ҷадал менамуданд. Аз ин рў, дар идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқии радиои Тоҷикистон масъалаи номгузории як барномаи муҳим, ки ҳадафаш бозгардонидани фирориён буд, ба миён омад. Дар ҷаласаи идора ҳамин масъала баррасӣ шуд ва муҳаррири варзидаи идора Бобо Бекмуродов пешниҳод кард, ки барнома номи «Во ғарибӣ…»- ро бигирад ва бо суруди машҳури Боймуҳаммад Ниёзов бар ғазали Хоҷа Камол оғоз ва анҷом ёбад. Азбаски номи «Во ғарибӣ…» ҷанбаи манфӣ ва пессимистӣ дошт, ҳамовозӣ пайдо накард. «Номи «Хоки Ватан» як пешниҳоди дастҷамъонаи ҳамин идора буд. Барномаи аввал бо номи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар» субҳи 29 марти соли 1993 пахш гардид. Вале дар шумораи дуюм номи барнома тағйир ёфт ва шакли дурусташ «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» гузошта шуд. Баъди садо додани ду барномаи нахуст, дар ҷаласаи умумии ҳафтаинаи кормандони радио муҳтавои барнома ва номи он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки унвони барнома каме дароз аст ва бояд кутоҳ гардад. Ҳамин тариқ, аз барномаи сеюм он «Хоки Ватан» ном гирифт. Азбаски Бобо Бекмуродов барои идомаи фаъолият ба телевизион гузашт, барномаи сеюмро муҳаррири ҳамин идора Солеҳ Юсуф бо номи «Хоки Ватан» таҳия кард. Коргардонҳои барномаи нахуст Хайрулло Иброҳимов, Ҳалима Насибулина, садобардорон Маърифат Холиқова ва Мукаррама Мансурова буданд. Сароҳанги барнома аз омезиши оҳангҳои Муборакшо Ҷумъаев ва Саидқул Билолов бо ҳамҷўрии садои наттоқи ботаҷриба Абдурашид Хўҷамқулов ба вуҷуд омадааст. Ин ду барнома аз ҷониби муҳаррири варзидаи ҳамин идора Бобо Бекмуродов таҳия шудаанд. Бояд гуфт, ки оид ба таърихи пахши барномаи нахуст дар байни муҳаққиқон ва таҳиягарони он назари ягона мавҷуд аст ва ин санаро яке аз таҳиягарони барнома Сафаралӣ Нозимов низ тасдиқ намуда менависад, ки «ягона ҳамдаму ҳамрози дили фирориён барномаи «Хоки Ватан», ки охири марти соли 1999 таъсис ёфт, гардид». Ва ҳамин тавр, як барномае, ки баъдан ҷиҳати ба ҳам овардани тоҷикон ва баргардонидани гурезагон хизмати бузург кардааст, рўи кор омад. Ин барнома минбари ибрози афкори фирориёни иҷборӣ, ҳамоиши назарҳо, даъвати ҳамватанон ба Ватан, воқеан ҳам оштии миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон буд, зеро «он шабу рўз вақте ду ҷабҳа созмон ёфта буд, мардум дар муқовимат буданд, ҳар замон хун мерехт, «Хоки Ватан» ягона минбаре буд, ки барои ҳар нафаре имкон медод, дарди дилашро бигўяд. Аз он намояндаҳои ҳар ду ҷониб истифода мебурданд, аз ин хотир, воқеан минбари оштӣ буд ва барои расидани мардум ба оштии миллӣ хеле мусоидат намудааст». Таҳиягарони барномаҳои нахустин муътакиданд, ки «ҳеҷ вақт як ё ду нафар набояд даъво кунанд, ки онро ман таҳия кардам, ё пешниҳоди ман буд. Ин як амали дастҷамъона буд. Ва як чиз бояд ҳама ҷо сабт гардад ва ҳар вақте сухан аз «Хоки Ватан» равад, аз устод Иброҳим Усмонов ёд мекунам, зеро саҳми номбурда дар офариниши барномаи мазкур хеле калон аст», — мегўяд яке аз таҳиягарони нахустини барномаи «Хоки Ватан» Солеҳ Юсуф. Воқеан, «Хоки Ватан» як барномаи дастҷамъӣ буд ва ҳар корманди радио дар таҳияи он саҳм гузоштааст, зеро аз муҳаррир то барномасозон, садобардорон, гўяндаҳо ва кормандони шуъбаи техникӣ дар таҳияи он ширкат варзидаанд. Ҳамин маъниро собиқадори радиои Тоҷикистон Шаҳобиддини Ҳақназар, ки яке аз таҳиягарони барномаи мазкур буд, таъкид намуда менависад: «ман намегўям, ки аввалинам, нахустин шахсе мебошам, ки ин барномаро ба миён овардаам…Не! Ман ҳақ надорам, ки чунин гўям. Давр, замон, он лаҳзаи бисёр мураккаб онро ба миён овард. Иҷлосияи 16- уми тақдирсоз, суханронии Сарвари давлат сабаби ба вуҷуд омадани он гардид». Агар ҳамин фикрро маҳаки аслӣ қарор диҳем, пас метавон хулоса кард, ки идеяи таҳияи барнома маҳсули дониш, афкор, ҷаҳонбинӣ ва эҷоди дастҷамъонаи роҳбарият ва кормандони радиои Тоҷикистон мебошад, ки бозгашти фирориён ба Ватан, барқарории сулҳ ва ваҳдати миллиро ҳадафи ниҳоӣ қарор дода буданд. Барномаи «Хоки Ватан» бо рубоии: Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар, Бўйи Ватан аз лолаю райҳон хуштар,Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард, Эй кош, гадо будӣ ба Канъон беҳтар .оғоз мегардид. Сипас, суруди машҳури овозхони маъруфи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов бар ғазали Камоли Хуҷандӣ «Во ғарибо…» пахш мешуд. Барномаҳои нахуст ҳафтае як маротиба рўзи сешанбе, аз охири моҳи апрел дар як ҳафта ду маротиба: рўзҳои сешанбе ва ҷумъа, соати 615 ба муддати 45 дақиқа пахш гардида, такроран соати 1315 дақиқа садо медоданд. Баъдтар бо супориши директори вақти радио Мансур Султонов тасмим гирифта шуд, ки гуруҳи эҷодӣ таъсис гардад ва роҳбарии онро сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқӣ Амонқул Одилов ба уҳда гирад. Коршиносон ва рўзноманигорони касбӣ эътироф намудаанд, ки барномаи «Хоки Ватан» воқеан ҳам барномаи миллӣ ва мардумӣ шуд ва тавонист боиси таваҷҷуҳи тамоми фирориёни хориҷу дохил гардад. Ба ақидаи муҳаққиқони соҳаи журналистика «…таъсис ёфтани барномаи «Хоки Ватан» дар радиои Тоҷикистон нахустин қадами мусбат дар иттиҳоди миллӣ буд». Ба ин хотир, пайваста зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Кумита ва радио қарор дошт. Бо мусоидати маъмурияти барномаҳои радио дар пахши барнома тағйирот рўй дод. Аз охири моҳи май барномаи «Хоки Ватан» ҳафтае се ва аз моҳи сентябр чаҳор маротиба садо медод. Агар дар барномаҳои нахуст фақат суҳбат бо фирориёни дохили ҷумҳурӣ дар бораи вазъияти бади рўзгорашон пахш мешуд, дар барномаҳои баъдӣ тадриҷан муроҷиати шаҳрвандон афзоиш ёфт. «Ман сокини шаҳри Калининобод, қишлоқи Тоҷикобод Давлатова Моҳшариф мебошам. Додарам Давлатов Чиллахон Исломовичро, ки соли таваллудаш 1969 аст, аз 2- юми сентябри соли 1992 ҷустуҷў дорам. Овозаҳо бисёранд, лекин ягон хабари аниқ нест. Ҳамаи умедам ба шумо барномаи мушкилкушо «Хоки Ватан». Илтимос, касе аз Чиллахони мо хабар дошта бошад, бо телефони 6.28.88 ба шаҳри Калининобод хабар диҳад. Чиллахон, ҳар куҷое бошед, дар хона очаат Ҷумъагул, оилаат Гавҳарбӣ, духтарат Таҳминаҷон, акаат Бўрихон шуморо интизоранд». Аз мазмуни номаҳои ин давр бармеояд, ки муроҷиат ба хотири пайдо намудани пайвандони фирориён дар барномаҳои аввал мавқеи муҳим доштааст. Тадриҷан бахшҳои «Руҷўи муҳаррир», «Номаҳо аз Тоҷикистон», «Номаҳо, эй номаҳои пуралам», «Дар меҳмонии «Хоки Ватан», «Номаҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон», «Меҳри Ватан», «Номаи маро ҳам хонед», «Садои ошно» ба вуҷуд омаданд. Дар барномаи 5 — уми июни соли 1994 ҳадафи таъсиси рубрикаи «Садои ошно» чунин тавзеҳ ёфтааст: ««Садои ошно» — садоест аз дили ранҷури ҳамватанони мо, «Садои ошно» — садоест аз тариқи барномаи «Хоки Ватан» ба ҳамватанони бурунмарзии ғарибафтодаи мо. Сомеъони азиз, таҳти ин унвон сабтҳое пешкашатон мегарданд, ки ҳамватанони мо пайвандони ғарибгаштаи худро ба сўи Ватан мехонанд. Гўш диҳед ба садои дили пайвандони хеш, ки шуморо сўи ёру диёр даъват мекунанд». Муҳтавои асосии барномаҳоро даъвати фирориён ба Ватан, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ташкил медод. Ин барнома дар бобати бозгашти фирориён ба меҳан, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон хидмати беназире намуда, барои ба вуҷуд овардани фолклори онҳо саҳм гирифтааст. Пажуҳиш нишон дод, ки бештар дар барномаҳои солҳои 1995 -1997 эҷодиёти даҳанакии халқ нақши муҳим дорад. Сўзу гудози қалбҳои зори фирориён, дар ғурбат намаки ғарибӣ чашидан, аз дидори рўи наздикон маҳрум будан ва орзуи дубора ба меҳан баргаштан, маҳз тавассути фолклор баён шудааст. Дар даврони Шўравӣ ақидае роиҷ буд, ки гўё бо пайдо гардидани хат эҷодиёти даҳанакии халқ аз байн меравад. Вале раванди ҳаёт нишон дод, ки ин ақида асос надорад ва маҳз рўзгори сахт, оҳи дили пурдард, ғарибию мусофирӣ, камбизоатӣ ба эҳёи эҷодиёти даҳонакии халқ, ба вуҷуд омадани жанрҳои нави фолклор мусоидат менамудааст. Маҳз шеърҳои халқии «Суруди бофандагон», «Ғарибӣ, кўи сахт аст, эй бародар…», «Ҳасрат», «Меҳри Ватан» ва рубоиҳои «Чархофалако», «Ғариб», «Ҷудоӣ» дар ҳамин замина ба вуҷуд омадаанд. Ғазали машҳури Хоҷа Камоли Хуҷандӣ «Во ғарибо…» низ дар ҳиҷрат нигошта шудааст. Такя ба фолклор, агар аз як тараф, таъсири барномаҳоро зиёд мекард, аз ҷониби дигар, эҳсоси дили мардумро бозгў менамуд ва маҳз ҳамин сухани пуртаъсир буд, ки дили фирориён ба меҳан, ба сарзамини аҷдодӣ гарм мешуд. Дар урфият мегўянд, ки «сухани нағз морро аз хонааш мебарорад». Созанда будани сухан, пуртаъсир будани фолклор, офаранда будани алфози пурфараҳ дар барномаҳои « Хоки Ватан» ба хубӣ эҳсос мешуд. Баъди пуртаъсир садо додани дубайтии: Суханро сар кунам аз устухонам, Мураккаб то шавад хуни равонам.Кушоям номаро аз пардаи дил, Барои хоҳарони меҳрубонам .дилҳо реш мешаванд, хотирот ошуфта мегарданд, захмҳои дил рў ва меҳри Ватан дар қалби соҳибватанон ҷўш мезанад. Дар рубоиҳо бештар ибораҳои «дилум хароб аст», « миҷҷаам қатраи об аст», « бехабарон чӣ ҷои хоб аст», «дилам хун шуд», «ҷигарам кабоб аст», «марди мусофирем», «кафан ҳамроҳи мо бошад, чӣ донам», «хунобаи дил», «заҳри ғарибӣ» далолат ба рўзгори сахти фирориён мекунанд. Онҳо хешу пайвандон, ёру дўстон ва меҳани аҷдодонро орзу карда, ғуссаи дилро бо чунин ибораҳо таъсирноку эҳсосӣ сабук мегардонанд, оҳи пурсўз аз ҷигар кашида, худро андаке ором менамоянд. Одатан, рубоиҳо дар охири номаҳои унвонии барнома расида садо медоданд, ки як навъ ҷамъбасти афкори муаллифонро бозгў мекарданд. Чунончи: «Салом, муратибони барномаи асроркушои «Хоки Ватан». Ман собиқ истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус деҳаи Қизиласкар Азаматова Азаматхон мебошам. Инак, ду сол мешавад, ки аз дидори рўи хоҳарони худ Латофат, Адолат, Рисолат, Саломат Нидоеваҳо бенасиб гаштаам. Онҳо пеш дар вилояти Қўрғонтеппа зиндагӣ доштанд. Ба наздикӣ номаи онҳо дар ин барнома садо дод ва бо шунидани ин нома худро хеле хушбахт ҳис кардам. Ҳоло ба хоҳаронам маълум мекунам, ки ҳамроҳи фарзандони худ Зулфия, Салима, Саодат, Гулреза ва Мўсою Шифо сиҳату саломат дар давлати Исломии Афғонистон зиндагӣ дорам ва худо хоҳад рўзҳои наздик нияти ба Ватан баргаштан дорам. Меҳри ватану дидори рўи шуморо ба хоб мебинам. Чӣ илоҷ, тақдир ҳамин будааст… Бо эҳтиром апаи ғарибафтодаи шумо Азаматхон: Хоҳарум рафтаст дилум хароб аст имшаб,Дар ҳар миҷаам қатраи об аст имшаб. Мардумо меган хоб рав, ки дар хоб биниш, Эй бехабарон, чӣ ҷойи хоб аст имшаб.Жанрҳои гуногуни радио, ба монанди хабар, мусоҳиба, суҳбат, гузориш, мухбирнома ва баёния дар барнома мақоми хос доштанд. Дар он хабарҳо аз сарчашмаҳои муътамад, марказҳои матбуоти вазорату идораҳо ва оҷонсии расмии «Ховар» истифода мешуд, зеро хабари муғризона метавонист ба раванди бозгашти гурезагон таъсири манфӣ гузорад, бинобар ин муҳаррирон кўшиш менамуданд барномаро бо хабарҳои сиёсиву иқтисодии дорои руҳияи оптимистӣ аз ҳаёти Тоҷикистон оғоз намоянд. Ба ин васила, шунавандаҳо дарк менамуданд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳу созиш ҳукмфармост ва барои зина ба зина пеш рафтани вазъияти иқтисодӣ иқдоми самарабахш сурат мегирад. Чунончи, барномаи 23-юми феврали соли 1995 бо чунин хабар оғоз мешавад: «Боз як гуруҳи калони гурезагон ба Ватан бозгаштанд. Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури паноҳандагон ҷиҳати бо хонаву ҷой таъмин намудани онҳо тадбирҳои самарабахш меандешанд. Гурезагон бо хўроки гарм ва кўмкпулӣ таъмин мешаванд».Жанри мусоҳиба низ дар барнома фаровон истифода мешуд. Дар барномаҳои соли 1994 беш аз 200 мусоҳиба бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва фирориён анҷом дода шудааст. Дар чунин мусоҳибаҳо бештар ғояи хушбинӣ эҳсос мегардид. Чунончӣ, дар мусоҳибаи хабарнигор бо истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар Хоҷаев Айниддин ин маъниро ба хубӣ дарк намудан мумкин аст. Хабарнигор кўшиш ба харҷ додааст, ки даъвати фирориён ба Ватан маҳз аз забони ў садо диҳад. «Тавассути ин барнома хоҳиш менамоям, ки саломи гарму ҷўшони маро ба бародарони ғарибафтодаам расонед. Баъд аз салом Худоро шукр, ману модараму фарзандонам дар қишлоқ сиҳату саломат умр ба сар бурда истодаем. Ман дар ҳамон ҷои пештараам кор карда истодаам. Модарам бошад, фикру хаёлаш фақат дар бораи шумо. Бародарони азиз, аз шумо хоҳиш дорам ба Ватан баргардед. Ватан тинҷу ором аст. Мо ҳама интизори шумо». Бевосита аз забони Хоҷаев Айниддин садо додани чунин суханҳо эътимоди пайвандон, ҳамсоягон ва хосса фирориёнро ба воқеияти зиндагӣ дар меҳан афзун менамояд. Бахшҳои «Номаҳо ба Афғонистон», «Номаҳо аз Афғонистон», «Номаҳо, эй номаҳои пуралам» ба вуҷуд омада, бо пахши рубоиёти халқӣ оғоз мешуданд: Афғон якбара, роҳаки афғон якбара, Ҳарчӣ бандара мулки ғарибӣ набара.Ҳар гоҳе мара хумори апам бигира, Як оҳ мекашум мулки ғарибӣ даргира.Дар барномаҳо бештар дубайтӣ ва рубоиҳое истифода мешуданд, ки рўҳияи некбинона (оптимистӣ) дошта, афкори солимро ба вуҷуд меоварданд: Аз ин ҷо то Ватан якрўза роҳ аст, Ду чашми модари пирам ба роҳ аст.Паём бар модари пирам расонед, Нигаҳдорам фақат Парвардигор аст. Номаҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон меомаданд. Чунончи, Сайёра Ризоева дар номаи худ аз Ҷумҳурии Қирғизистон менависад: «Бо шунидани барномаи «Хоки Ватан» ба ёдам Ватани азизам мерасаду оҳ мекашам аз дили садпораи худ, домангир мешавам аз тақдир, ки маро аз падарҷон зиндаҷудоям кард. Як сол мешавад, ки падарам Шералӣ Ризоевро, ки дар ноҳияи Шаҳритус, колхози Ломоносов, деҳаи Чўянчӣ зиндагӣ дошт, ҷустуҷў дорам. Агар нафаре маълумот дошта бошад, ба барномаи «Хоки Ватан» хабар диҳад ва ё бо нишонии Ҷумҳурии Қирғизистон, вилояти Ҷўй, шаҳри Қариболта, участкаи Қаратеппа маълумот диҳад».«Хоки Ватан» пуле буд байни ҳамватанони дохил ва фирории мо. Шаҳрвандон аз тариқи барнома озодона ҳарфашонро мегуфтанд, зеро бовар доштанд, ки онҳоро касе таҳқир намекунад. Мардум иштиёқи суҳбат кардан доштанд, гуруҳ – гуруҳ меомаданд ва онҳое, ки имкони омадан надоштанд, мактуб менавиштанд. «Дар тўли фаъолиятам дар радио ин қадар робитаи қавӣ бо шунавандаро бори нахуст дидам ва эҳсос намудам, ки воқеан ҳам радио, қисми ногусастании рўзгори мардум аст. Агар ин расона ҳақиқати ҳоли мардумро ифода кунад, дарди ҷомеаро гўяд, меҳри мардум ва шунавандаҳо аз он ҳаргиз канда нахоҳанд шуд»,- мегўяд муҳаррири радио Солеҳ Юсуф.Дар таърихи Радиои Тоҷикистон барномае ба монанди «Хоки Ватан» сершунаванда набудааст. Агар мутобиқи пажуҳиши собиқадори радио М.Мамадризоев «тайи як соли пахши барнома аз тариқи он сӣ ҳазор номаи фирориён хонда шуда бошад ва 20 ҳазор сокинони Тоҷикистон ба хешу табори дар Афғонистон фирорӣ будаи худ муроҷиат намуда бошанд», пас тадқиқоти бойгонӣ собит кард, ки дар муддати фаъолияти дусолаи барномаи «Хоки Ватан» (то соли 1995) беш аз се ҳазор нафар шахсони дурафтодаи худро пайдо намуданд, беш аз 10 ҳазор нафар ба макони зисти доимии худ баргаштанд, беш аз 50 ҳазор нома аз тариқи он қироат гардида аст. Санадҳо ба он далолат мекунанд, ки маҳбубияти барнома, агар аз як тараф, ба таъсири равонии он марбут бошад, аз ҷониби дигар, Ваҳдати миллиро меҳвари аслӣ ва ҳадафи ниҳоӣ қарор додан нақши барномаро бамаротиб боло бурд. Ба ин хотир, бо афзоиши номаҳои фирориён ва муроҷиати сершумори шаҳрвандон тасмим гирифта шуд, ки аз моҳи майи соли 1994 барномаи «Хоки Ватан» ҳамарўза садо диҳад. Таҳиягарон кўшиш менамуданд, ки яъсу ноумедиро аз замири фирориён берун, тарсу ваҳмро аз ниҳодашон бартараф намоянд. Махсусан, дар бахши «Руҷўи муҳаррир» бо алфози ширин, нарм, самимӣ ва саршори меҳру муҳаббат фирориён ба Ватан даъват мешуданд. «Эй ҳамватане, ки ин лаҳзаҳо омодаи шунидани «Хоки Ватан» ҳастӣ, қабул намо саломи меҳрбори моро. То садои мо ба гўши ҳаммиллати дуру наздикамон бирасад, бовар кунад морову наздикони хешро ва боз пас биёянд ба Ватан ва бозгаштагон камар бубанданд, баҳри фардои рўзгори хешу фардои Тоҷикистони азиз. Бо ҳамин умеду орзу шуруъ мекунем барномаро…».Ҳамчунин дар барномаҳо муроҷиат ва хитобаҳо низ ҷой доштанд: «Ай бародар, ай рафиқи ҳамсоли ман, ай додаре, ки баробар ҳастӣ ба додари ман, ай ҷавонмарди ҳамватани ман, муроҷиат бар ту дорам, чун бародаре, чун додаре, ҳамсоле ва чун ҷавонмарде, агар гўш ба ҳарфам додаву бишунавӣ садои маро, суоле дорам аз бароят ба ин маънӣ: азизтарин кас кист дар дунё барои ту, маҳбубтарин кас кист дар дунё барои ту ва яқин медонам, ки дар посухи ин суолҳо мегўӣ: модар ва яқин аст, ки бе модар набудӣ, ҳеҷ гоҳе овораву хонабардўш набудӣ аз модари тоҷик. Имрўз дилхуну дилафгору ғамдору бемор аст модари тоҷик, шабзиндадору чашми чор аст модари тоҷик ва аз дасти киву бо гуноҳи кӣ ва баҳри чиву чаро ва ин ҳамаро ҷавоб якест: аз дасти мову бо гуноҳи мо, аз дасти фарзандони эшон; пас, биё, оғўш боз намо, додаратро, бародаратро, ҳамсолатро ва муҳимтар аз ин – модаратро ба оғўш бигир…».Шунавандаҳо аз ин барнома қаноатманд буданд, ки баробари ирсоли нома ба хешу табор, наздикону пайвандон, ҳамзамон ба таҳиягарони барнома арзи сипосу миннатдорӣ мекарданд. «Ва ҳамин суханони самимии шумо, суханҳои пурдарди шумо ба ман ғайрат бахшид, иродаи маро қувват дод ва ман аз аввалин фирорие будам, ки ба Ватан баргаштам. Ҳозир мехоҳам муроҷиат кунам, ба ҳама ҳамдиёронам, ки дар он тарафи дарё ҳастанд. Ҳар он чи ки аз тариқи ин барнома гуфта мешавад, ҳамааш воқеӣ ва дуруст аст, ҷойи шубҳа нест ва тавре ки шумо мешунавед, ман озод ҳастам, ҳеҷ кас ба ман халал намерасонад. Биёед, ба макони худ биёед, Ватан шуморо пушту паноҳ аст…».Дар барномаҳои минбаъда бахши «Номаҳо аз Афғонистон» таъсис шуд. Баъди қироати бахши «Номаҳо аз Тоҷикистон» номаҳои ҷавобӣ аз Афғонистон зиёд мерасиданд. Баъзе номаҳо бидуни таҳрир бо лаҳҷа қироат мешуданд; «Бори дуюм аст, ки ба мураттибони барномаи «Хоки Ватан» мактуб менависам. Духтарам Элназарова Шабистон ду сол боз дар Афғонистон намаки ғарибӣ мечаша. Салом, духтари азизум, Шабистон,чида намеой? Ватан тинҷу ором аст, наход модари беморатро фаромўш карда бошӣ, мо як ҳафта пеш сиҳату саломат омада расидем. Аз авот як хат гирифтум, ҳеҷ чиз нанвиштй. Чи хелай, созай, агар ў мора фаромўш карда боша, мо ура фаромўш намекнем, наход фарзандора фикр накуна, ки писари хурдсолаш Нозимҷон доимо аво мега. Ай номи ҳамамо ба шумо салом. Шабистони ҷун кам- кам заргул накнӣ, Ғамҳои мара ба сина саргуш накнӣ. Ма медонистум дар Афғонистон оча дорӣ,Ин очаи касалита фаромуш накнӣ.Бо салом, модарут Элназарова Гулсун, аз ноҳияи Колхозобод». Соли 1995 мактуб ва муроҷиатҳои шаҳрвандон батадриҷ зиёд гардид, зарурат ба миён омад, ки дар як рўз ду маротиба ин барнома садо диҳад. Ба ҷои барномаи такрории соати 1315 аксаран барномаи нав таҳия мешуд. Мардум ташнаи шунидани сухани ҳамдигар, расидан ба дидори якдигар буданд, аз ҷудоӣ, ғарибию бенавоӣ ранҷ мекашиданд: Нависам номае ай бенавойӣ, Бубандам бар пари мурғи ҳавойӣ. Бубар ин номаро бар апаам деҳ, Ки гўяд доду бедод аз ҷудойӣ. Барномаи «Хоки Ватан» меҳру муҳаббати ҳамватанонро рўи мавҷ ба хаймаҳои фирориён, ба мавзеи Кампи Сахии Давлати Исломии Афғонистон мебурд. Мавҷҳои пурмеҳри радиои Тоҷикистон қалбҳои ҳамватанони моро ба Ватан, сарзамини аҷдодӣ ва маконе, ки хуни нофашон рехтааст, гарм месохт. Афкори онҳо нисбат ба ҳукумати нав дигаргун шуд. Меҳри Ватан бо садои радио ҳамоҳанг шуда, онҳоро сўи худ мекашид. Ҳазорҳо нафар корафтодагон тавассути радио пайвандону наздикони худро пайдо карданд. Одатан, барномаҳо руҳияи некбинона доштанд. Номаҳо мардумро ба Ватан, ба созандагиву бунёдкорӣ даъват мекарданд. Сокини ноҳияи Шаҳритус Меҳригули Юсуф унвонии шавҳараш чунин номаи пурсўз навишта аст: «Се сол боз азоби ҷудоӣ мекашам. Писари хурдии мо, Сорбон, ки якмоҳа буд, сесола шудааст. Вақте мепурсад, падарам куҷост, дар ҷавобаш лол мемонам. Хўрондан ва тарбияи 6 фарзанд бароям душвор аст. Ҳозир вазъият тинҷ аст. Илтимос, зудтар биё. Бисёри ҳамсояҳо омаданд, чаро ту намеоӣ? То кай чашми ману 6 нафар фарзандон ба раҳат чор мешавад? Вақте ки як гуруҳи гурезаҳо омаданд, писари мо, Сорбон ҳамроҳи ҷўраҳояш чониби онҳо давид. Вале падари худро наёфта маъюс баргашт, гирист, ки чаро отам наомад. Илтимос мекунам, ба Ватан баргард». Шавҳараш Низом баъди як ҳафтаи қироати нома ба унвони барномаи «Хоки Ватан» ба мазмуни зайл нома фиристод:«…Номаатро аз барномаи «Хоки Ватан» гўш кардам. Дилам ба ҳоли фарзандон, падару модар ва хешу табор реш-реш шуд. Худо ҳеҷ касро ғариб накунад. Тоқатам тоқ шуд. Ҳатман ҳамроҳи падари Эраҷ ва холаи Таҳмина бармегардам. Дар ғарибӣ қадри Ватан, эҳтироми падару модарро хуб ҳис кардам. Ягона ҳамдаму ҳамрози мо барномаи «Хоки Ватан» аст. Ҳатман, ҳафтаи оянда бармегардам ва Сорбонҷонро мебўсам. Ба падарам Бобомурод, модарам Махсума, хоҳаронам Садбаргу Салима саломи маро расон. То дидор дар Ватан, Худо ҳофиз». Дар куҳи баланд нуқраи тар гум кардум,Шоҳини сафеди резапар гум кардум.Шоҳини сафеди резапар ёфт нашуд, Фарзанди падар лахти ҷигар гум кардум». Дар асоси рубоию дубайтиҳои ба суроғаи барнома расида, фолклоршинос, академик Раҷаб Амонов, номзади илмҳои филология Т.Исроилова ва яке аз масъулони барнома Сафаралӣ Нозимов намунаи фаровонро гирд оварданд, ки соли 2002 ҷилди аввали он бо номи «Хоки Ватан» ба шакли китоби алоҳида ба табъ расид. Ин нахустин кўшиш ҷиҳати омўзиши афкори фирориёни иҷбории тоҷик ва баҳо додан ба саҳми барнома ва радиои Тоҷикистон дар бозгардонидани фирориён буд. Ба ин маънӣ, ҳанўз соли 1993 рўзномаи «Адабиёт ва санъат» дар мавриди барномаи «Хоки Ватан» ва номаҳои фирориён чунин навишта буд: «Ҳар субҳ, пеш аз он ки офтоб сар занад, радиои тоҷик ба пахши барномаи «Хоки Ватан» шурўъ мекунад. Ман мисли онҳое, ки падару модар, зану фарзандони худро дар гирудорҳои бемаънӣ гум кардаанд, як лаҳза аз назди радио дур намегардам… Бисёр дил мехоҳад, ки ин номаҳо аз байн нараванд. Ин номаҳоро метавон рўзе бо номи «Номаҳои ҷудоӣ» дар шакли китоби мукаммале чоп кард… Омўхтани онҳо барои муайян кардани ҳуввияти миллии тоҷикон сарчашмаи бебаҳост…».Барномаи «Хоки Ватан» дар ин давра тавонист афкори нави фирориёнро оид ба мафҳумҳои «ватан», «миллат», «давлат», «ваҳдат», «худшиносӣ» ба таври мусбат шакл диҳад. Барнома дар тасаввурот ва ҷаҳонбинии онҳо тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард. Афкори сиёсиву иҷтимоии онҳоро дигаргун кард. Умеди онҳоро барои сулҳу созгорӣ ва бозгашт ба Ватан афзун намуд. Фирориёни иҷборӣ дарк намуданд, ки Ватан ифтихор, шаъну шараф, нангу номус, виҷдону шараф ва обрўю эътибори мост. Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмату мукнат (молу давлат), сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чиз наметавон иваз кард. Ватанро интихоб ё хариду фурўш намекунанд ва чун волидайну бародару хоҳари ҳамтан як бор ва барои ҷовидон дода мешавад. Ватан сарнавишту қисмати ҳар фард аст, ки аз ибтидо ба бошандагонаш ба мерос гузошта мешавад.Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав барои барқарории сулҳ дар Тоҷикистон иқдоми воқеӣ ва ҷиддӣ гузошта шуд. Ин санади муҳиму тақдирсоз ба «ҷангҳои иттилоотӣ» низ хотима гузошт. Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ гардид ва бино ба навиштаи маҷаллаи «Килк»- и Эрон истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон мардуми форсизабони минтақаро умедвор хоҳад сохт ва пойгоҳе устувор барои мардуми Бухоро, Самарқанд ва шимоли Афғонистон эҷод хоҳад кард. Сулҳ дар Тоҷикистон дар барпоии сулҳ дар Афғонистон ёрӣ хоҳад расонд ва ҳушдоре хоҳад буд бар инҳисорталабон дар ин кишвар ва дар минтақа. Ҳамчунин ба ақидаи собиқ Дабири кулли СММ Кофи Аннан «Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард» ва дарвоқеъ, дастоварди сулҳи тоҷикон беназир, қобили омўзиш ва истифода аст. Ҳар фарди худшиносу худогоҳ бояд ба ин дастовард эҳтиром гузошта, барои такрори чунин ҳодисаҳои номатлуб роҳ надиҳад, зеро натиҷаҳои муқовиматҳои дохилии Тоҷикистон барои мо сабақомўзанд. Бино ба иттилои расонаҳо беш аз 60 000 кушта, 25 000 зани бева, 53 000 кўдак ятим, 36 000 манзили харобгашта ё ба коми оташ рафта ва беш аз 1 миллион нафар беҷо шуд — чунин аст чанд натиҷаи ҷанги харобиовари шаҳрвандии Тоҷикистон. Аз ин 1 миллионе, ки дар ба дар шуд, як бахши бузургаш, ағлаб аз водии Вахш, худро бо умеди наҷоти ҷон ба рўди Омў зада дар Афғонистон паноҳ ёфтанд ва зарари моддии ба ҷумҳурӣ расонидаи ҷанг бештар аз 7 млрд. доллари амрикоиро ташкил дод.Бо қатъи ҷанги дохилӣ, давраи нави рушди таърихии мамлакат оғоз шуд ва табиист, ки барномаи «Хоки Ватан» бо иҷрои рисолати таърихии худ ба саҳифаи таърих кўчид. Вале бо гузашти замон ҳар қадар мо аз он солҳо дур равем, симо, қимат ва ҷойгоҳи он ҳамон қадар барҷаста, воло ва баланд таҷассум хоҳад ёфт.Барномаи «Хоки Ватан» аз соли 1993 то моҳи декабри соли 1996, беш аз 800 маротиба садо дод. Ҳангоми баррасии тадқиқоти бойгонӣ маълум шуд, ки тавассути барномаи мазкур зиёда аз 60 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба хешу ақрабои худ муроҷиат намудаанд (шояд зиёдтар ҳам бошад), 50 ҳазор нафар аз Афғонистон ба пайвандон ва ҳамдиёрони худ номаву паём фиристодаанд. Беш аз 200 ҳазор нома қироат гардида, 150 мусоҳиба бо намояндаҳои созмонҳои байналхалқӣ ва комиссиюни СММ оид ба умури паноҳандагон, 750 сўҳбату мусоҳиба бо намояндаҳои мақомоти гуногуни Ҳукумати Тоҷикистон, 400 гузориш (аз ҷои воқеа), 800 гузориш аз маросими истиқболи фирориён ва вазъи рўзгори онҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, беш аз 750 сўҳбату мусоҳиба бо намояндаҳои илму адаб, 50 мухбирнома, 38 хитобаву муроҷиат, 30 баёния, 12 изҳорот пахш шудааст[3]. Ҳамин тариқ, гурезаи охирин 16- уми ноябри соли 1997 ба Ватан баргашт ва барномаи «Хоки Ватан» низ рисолати таърихии худро ба субут расонд ва Тоҷикистон ба марҳилаи нав- марҳилаи созандагӣ ва бунёдкорӣ қадам гузошт. Барномаи «Хоки Ватан» дар тўли беш аз се сол барномаи беҳтарин ва метавон гуфт, ки парчами радио ва ба шиносномаи радио табдил ёфта буд. Ин барнома ҷиҳати ба Ватан бозгардонидани фирориён, ба ҳам омадани тоҷикон, шинохти бештари ҳамдигар, пайванди минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ хидмати бадареғ намудааст. Ин аст ки дастандаркорони он Амонқул Одилов, Солеҳ Юсуф ва Абдурашид Хўҷамқулов бобати саҳмгузорӣ дар таҳияи ин барнома соли 1994 ба дарёфти ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шарафёб шуданд. Ҳамин тавр, хулоса баровардан мумкин аст, ки барномаи «Хоки Ватан» рисолати таърихии худро иҷро кард:• таъсиси барномаи «Хоки Ватан» нахустин кўшиши воқеии ҳукумат барои бозгашти фирориён ба Ватан буд; • барнома агар аз як тараф, барои бозгашти фирориён, ба роҳ мондани робитаи байни ҳами гурезагони дохилӣ мусоидати фаъол дошта бошад, аз ҷониби дигар барои ваҳдату муттаҳидӣ, ташаккули афкори ҷомеа дар рўҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, устувор намудани рукнҳои давлати миллӣ нақши муҳим бозид; • дар афкору ҷаҳонбинии фирориёни иҷборӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард. Таъсири системаноки барнома буд, ки як гурўҳи калони ҳамватани мо, ки аз азияти низои дохилии солҳои 1992-1997 дилсард ва фирорӣ гардида буданд, ба ҳаёт дилгарм шуданд, дидгоҳи хасмонаро ба назари некбинона табдил доданд, муҳимтар аз ин, ба Ватан баргашта, паҳлў ба паҳлу барои ободии сарзамини аҷдодӣ ҷадал карданд; • «Хоки Ватан» пули иртибот миёни ҳукумат ва мухолифин буд, ки дар замони муқовиматҳои дохилӣ, воқеан, мавқеи бетарафиро ишғол намуд;• «Хоки Ватан» на танҳо афкори фирориёни иҷбориро ифода мекард, балки онро ташаккул медод. Он фолклори нави мардуми тоҷикро ба вуҷуд овард;• Дар шароити ташаннуҷзои солҳои низои дохилӣ бо қатъият гуфта метавон гуфт, ки сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз барномаи «Хоки Ватан» оғоз шуд. Дарвоқеъ, аввалин ҷидду ҷаҳди воқеии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон барои ба Ватан бозгардонидани фирориён, барқарории сулҳ ва Ваҳдати миллӣ маҳз аз ҳамин барнома ибтидо гирифта буд. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши барномаи «Хоки Ватан»-ро дар ҳамоиши миллӣ ва баргардинидани фирориён, таҳкими сулҳу суббот ва худогоҳии миллӣ дар арафаи ҷашнҳои умумимиллӣ борҳо зикр намуда, ба нақши он дар як давраи муайяни таърихӣ баҳои баланд додааст. Аз ҷумла, зимни таҷлили 20 — умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нақши таърихии ин барнома зикр гардид: «Ман аҳсан мегўям ба роҳбарони ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радио ва онҳое, ки аввалин шуда ба Душанбе омаданд. Зеро дар он шабу рўз ҳеҷ кас намехост ба пойтахт равад. Бисёр аъзои ҳукуматро маҷбур ба пойтахт бурдем. Баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ ва ҷои кор, барқарор намудани манзилҳои харобгашта яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои раванди сулҳи тоҷикон ва аз ҷумлаи накўтарин аъмоле мебошад, ки дар таърихи муосири халқи тоҷик бо чунин натиҷаи нек анҷом ёфт. Дар ин ҷо хизмати бузурги Комиссияи ҳукуматӣ оид ба баргардонидани гурезаҳо калон аст ва ман бояд рўирост иқрор шавам, ки барномаи «Хоки Ватан» нақши калон ва хизмати бузург кард. Ман миннатдории худро баён мекунам ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи ин барнома хизмат карданд». Бо эътимоди қавӣ метавон гуфт, ки таҷрибаи бадастовардаи барномаи «Хоки Ватан» дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ нахустин буда, дар миқёси байналмилалӣ низ лоиқи дастгирӣ, баррасӣ ва омўзиш ва истифода аст. Зеро дар бисёр кишварҳо, амсоли Афғонистон, Эрон, Ироқ, Сомалӣ, Сурия, Лубнон, Қирғизистон ва ғ. низоъҳои дохилӣ, табаддулот, инқилобҳо ба вуқўъ пайвастанд. Мардуми зиёд фирорӣ шуд, вале даъват аз ҷониби мақомоти олии сиёсӣ ва воситаҳои муқтадири иттилоотӣ, амсоли радио ва телевизион хеле кам ба амал омадааст. Фирориёни ин давлатҳо барои бурида нашудан аз зодбум ва тарғиби фарҳангу забони худ бо ташаббуси шахсӣ радио ва телевизионҳо ташкил намуда, ғояҳои ватандўстӣ, ваҳдату ҳамоиш ва андешаи тавҳиди миллиро тарғиб мекунанд. Аммо дар кишвари мо ғояи бозгардонидани фирориёни иҷборӣ на танҳо аз ҷониби мақомоти олии роҳбарии сиёсии кишвар дастгирӣ гардид, балки барои бозгашти ҳамватанони фирории мо кумакҳои ҳамаҷониба расонида шуд. Муҳимтар аз ин, мо, тоҷикон, бори нахуст бо такя ба имкониятҳои бузурги ВАО барои бозгардонидани фирориёни иҷборӣ, тарғиби ғояҳои ваҳдати миллӣ ва ватпандўстӣ роҳе пайдо намудем ва он пуле шуд байни фирориён, давлатмардон ва мардуми диёр. Қудрати бузурги сухан буд, ки кинаву кудуратро аз дилҳо рабуд, мавқеъҳоро наздик намуд. Миллатеро, ки замоне бо нафрат зидди ҳам силоҳ гирифтаву ташнаи рехтани хуни ҳамдигар буд, ба ҳам овард. Давлатеро, ки замоне хавфи пора- пора шудани он аз эҳтимол дур набуд, ҳамбаста кард. Муҳимтар аз ин, афкори ягонаи миллиро ба вуҷуд овард, ки худшиносию худогоҳии миллӣ, Ваҳдат ва ҳуввияти миллӣ атрофи он мечархад. Ба ин хотир метавон гуфт, ки воқеан «Хоки Ватан» на танҳо фирориёнро ба Ватан баргардонд, на фақат дар раванди ташаккули Ваҳдати миллии тоҷикон нақши муҳим бозид, балки дар тарғиби фолклори мардуми фирорӣ низ хидмати шоёне кард ва омўзишу баррасии он аз ҷониби академик Р. Амонов, номзади илмҳои филология Т. Исроилова ва яке аз масъулони барнома Сафаралӣ Нозимов оғоз шуд, бояд идома ёбад. Аз таҳлили рубоиву дубайтиҳои мардумӣ метавон ба паҳлуҳои торики як давраи муайяни халқи тоҷик рўшанӣ андохт. Бешак, бо гузашти айём саҳми барномаи «Хоки Ватан» дар бозгашти фирориён ва эҳёи фолклори мардум рўшантар гардида, дар саҳифаи таърих ҷойгоҳи доимии худро хоҳад ёфт. Саидмуроди Хоҷазод номзади илмҳои филология

Март 27, 2013 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд