Хони тоҷикии наврӯзӣ дар хаймаи туркманӣ
Душанбе, 14 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки соли равон дар Туркманистон таҷлил мегардад, аз Тоҷикистон гуруҳи ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ширкат менамоянд. Гуруҳи мазкур, ки аз раққосон, мутрибони асбобҳои халқӣ ва ҳунармандони мардумӣ иборат аст, бо барномаи ҷолиби консертӣ, ки фарогири рақсу мусиқӣ ва суруду таронаҳои мардумист, руҳияи иштирокдоронро шоду болида хоҳад кард. Саидбухорӣ Маҷидов-директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳунармандони тоҷик 18 март ба Ашқобод сафар мекунанд ва рӯзи 21 март дар радифи ҳунармандони туркман ва дигар кишварҳои хориҷӣ, ки ба ҷашни Наврӯз даъват гардидаанд, ҳунарнамоӣ менамоянд. Дар гуруҳи хунармандони тоҷик ҳамзамон ҳунарманди мардумӣ Қурбоналӣ Раҳмонов ва овозхон Бахтиёр Иброҳимов шомиланд. Инчунин дар наврӯзгоҳи Туркманистон барои ҳар як кишвар хаймаи туркманӣ ҷудо гардидааст. Яке аз ин хаймаҳо марбут ба Тоҷикистон буда, дохили он бо ҳунару анъанаҳои миллиамон, аз қабили навъҳои гуногуни сӯзанӣ оро дода шуда, хони тоҷикии наврӯзӣ, ки аз ҳафт сину ҳафт шин, таомҳои мухталифи миллӣ, анвои хӯрданиҳо, ширинию нӯшобаҳои тоҷикӣ иборат аст, ба намоиш гузошта мешавад. Наврӯз, ки ҷашни қадимаи мардумони ориёинажод аст, таърихи беш аз 5 ҳазорсола дошта, дар аҳди шоҳ Ҷамшед зуҳур намудааст. Ин ҷашни қадима ду сол муқаддам –соли 2011 бо қарори Маҷмаи кулли Созмони Миллали Муттаҳид ҷаҳонӣ гардид ва ҳамасола дар ҳар кишваре, ки дар он Наврӯзро гиромӣ медоранду истиқбол ва таҷлил мекунанд, дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли гузашта ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Душанбе –пойтахти Тоҷикистон дар сатҳи баланд бо иштироки сарони кишварҳои хориҷӣ- Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва дигар меҳмонони воломақом таҷлил гардида буд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






