Иқтибос аз баромади вакили Парлумони Аврупо С.Стивенсон

Март 19, 2013 16:06

Иқтибос аз баромади вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон дар Донишгоҳи Кембриҷ дар Форуми Осиёи Марказӣ (6 марти соли 2013)Аксарияти Шумо, ки дар ин ҷо имшаб қарор доред, донишҷӯёне мебошед, ки муносибатҳои байналмилалиро меомӯзед, аз ин лиҳоз, иҷозат диҳед, қайд намоям, ки ман муддати зиёд меҳисобам, ки дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон метавонад ҳамчун шарики стратегии Аврупо ва Ғарб дар Осиёи Марказӣ нақши муҳимро бозад. Ман борҳо ин нуқтаи назарро дар мукотиба бо Президенти Парлумони Аврупо Ержи Бузек ва Сарвазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон баён карда будам. Инчунин, ин нуқтаи назар ба таҷрибаи шахсии худам оид ба Тоҷикистон асос ёфтааст. Вале мехостам таваҷҷӯхи ҳозиринро ба масоили муҳити зист дар ин минтақа ва чӣ тавре ки қайд кардам, ба масъалаҳои об, ки бешакку шубҳа масоили мубрам аст, ҷалб намоям. Аз сабаби кӯҳсор будани сарзамини тоҷикон норасоии захираҳои обӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба об Тоҷикистонро дахолат намекунад. Новобаста аз ин, ман эътироф менамоям, ки ҳамчун кишвари болооб дар шабакаи бузурги обҳои табиии Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар назди ҳамсояҳои худ, ки дар маҷрои поён ҷойгир мебошанд, масъул аст.Чунин масоили об, ки ба кишварҳои болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд, сарчашмаи ташаннуҷи доимӣ буда, лоиҳаи сохтмони НОБ-и Роғун дар дарёи Вахш мавзӯи баҳси махсус гардидааст. Дар сурати ба кор даромадан Роғун он 3600 МВт нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард. Сохтмони зиёда аз 45 мил нақбҳои зеризаминӣ дар давраи шӯравӣ ба анҷом расидааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки садди дарёи Вахш дар тангҷой, ки дар он Роғун бо сарбанди сангу хокӣ бо баландии 335 метр ҷойгир хоҳад шуд, баста мешавад. Узбекистон зидди лоиҳаи НОБ-и Роғун баромад намуда, таъкид карда истодааст, ки ин ба Тоҷикистон имконияти назорати маҷрои обро медиҳад ва дар сурати заминларза метавонад ба харобиҳо оварад. Ба Ӯзбекистон бояд имконият дода шавад, ки нигаронии худро баён намояд ва мо бояд инчунин ба ин масъала баркашида, мантиқӣ ва оқилона муносибат намоем, ки натиҷаи беҳтаринро барои ҳарду кишвар ва махсусан ба халқҳои Осиёи Марказӣ кафолат диҳем.Дар маърӯзае, ки ман барои САҲА таҳия карда будам, қайд намудам, ки чунин вокуниш ба лоиҳа бармаҳал аст. Ман фикр мекунам, ки Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бояд натиҷаи таҳлили лоиҳаро аз ҷониби мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки дар мӯҳлати наздиктарин нашр хоҳад шуд, интизор шаванд.Ман инчунин қайд кардам, ки обанбори НОБ-и Роғун ба обанбори НОБ-и Норак, ки тақрибан 75 км аз шарқи Душанбе ҷойгир аст, монанд хоҳад буд. Сарбанди НОБ-и Норак бо баландии 300 метр низ бо сангу хок сохта шудааст ва яке аз калонтарин обанборҳои Тоҷикистон мебошад, масоҳати он 70 км бо ҷуқурии 220м аст. Норак, ки дар давраи шуравӣ сохта шудааст, ба заминларзаҳо дар давоми чаҳор даҳсола истодагарӣ намуда, то ҳол фаъолият дорад.Зимни сохтмон бо касбияти кофӣ ва масолеҳе, ки метавонад ба заминларза тоб оварад, ман боварӣ дорам, ки ҳам сарбанди Норак ва ҳам сарбанди Роғун сохторҳои ҳаётан муҳим мебошанд, ки барои дастгирии амнияти молиявӣ дар Тоҷикистон ва барои суботи минтақавии Осиёи Марказӣ истифода гардад. 95% нерӯи барқ дар Тоҷикистон тавассути нерӯгоҳҳои обию барқӣ истеҳсол карда мешавад. Хати интиқоли барқ ва инфрасохтор, ки барои фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя — Афғонистон ва Покистон лозим аст, сохта мешаванд. Барои пур намудани обанбори НОБ-и Роғун даҳ сол лозим аст, пеш аз он, ки он пурра фаъолият намояд, вале Ҳукумати Тоҷикистон кафолат додааст, ки кишварҳои поёноб бо об дар ҳаҷми истифодашавандаи ҳозира тавассути Сирдарё ва Амударё таъмин карда мешаванд. Онҳо инчунин таъкид менамоянд, ки низоми нави сарбандҳо идораи сарчашмаҳои обиро ба таври дахлдор таъмин менамояд ва ба манфиати ҳама аст. Тоҷикон қайд менамоянд, ки 60% дарёҳое, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хизмат мекунанд, аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Онҳо борҳо таъкид намудаанд, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳамсоягони поёноби худ маҷрои обро маҳдуд накардаанд ва нахоҳанд кард. Дар сурати сохтмони дуруст ва ба истифода додани НОБ-и Роғун он ҳамчун манбаи нерӯи “сабз” ва аз ҷиҳати экологӣ тоза хизмат хоҳад намуд, ки ҳамзамон арзон ва фаровон буда, эҳтиёҷоти Тоҷикистонро қонеъ мегардонад, инчунин кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Афғонистон ва Покистонро бо нерӯ таъмин хоҳад кард. Ба фикри ман, ин вазъ барои минтақае, ки ба нерӯи барқ ниёзи калон дорад, бисёр бурднок мебошад. Дар тавъам бо истифодаи стратегии об дар кишварҳои поёноб, бо обанборҳои бетонӣ ва обёрии қатрагӣ, ҳеҷ сабабе нест, ки чаро захираҳои бойи обӣ дар Осиёи Марказӣ наметавонанд мунсифона тақсим шаванд ва чуноне истифода шаванд, ки ба ояндаи Водии Фарғона таҳдид накарда, балки гарави беҳбудии Водии Фарғона хоҳад шуд. Тоҷикистон дар мудирияти захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ пешво буда, ҳамсоягони худро бо нерӯ ва об таъмин мекунад. Тоҷикистон ба ин масъулият ҷиддӣ муносибат менамояд ва ин кишвар сазовори ҳавасмандкунии Ғарб дар ташаббускориҳои худ аст.

Март 19, 2013 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст