Имзои ду Ёддошти тафоҳум бо ширкатҳои австриягӣ

Март 14, 2013 11:38

Душанбе, 14 март.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Субҳи имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ноиб – президенти аршади ширкати «Andritz Hydro GmbH» Александр Шваб ва менеджери минтақавӣ оид ба фурӯш ва маркетинги ширкати «Voith Hydro» Штефан Марошек баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика ва саноат, бахусус дар бахши энергетикӣ, инчунин таҷдид ва навсозии НБО – ҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Пас аз вохӯрию гуфтушунидҳо ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Andritz Hydro GmbH» — ро вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноиб – президенти аршади ширкати «Andritz Hydro GmbH» Александр Шваб ва Ёддошти тафоҳум оид ба таҷдид ва навсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва менеджери минтақавӣ оид ба фурӯш ва маркетинги ширкати «Voith Hydro» Штефан Марошек ба имзо расониданд.Мавриди тазаккур аст, ки ширкатҳои мазкур дар доираи сафари расмии Президенти Австрия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ин бахш ба манфиатҳои мутақобилан судманд хоҳад буд. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Март 14, 2013 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст