Иштироки Э. Раҳмон дар оғози ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Гуфтугӯи ҳамкории Осиё
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Кохи Сомони бустонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Гуфтугӯйи ҳамкории Осиё баргузор гардид.Барои иштирок дар ин ҳамоиш вазирони корҳои хориҷӣ ва ё дигар намояндагони воломақом аз 32 кишвари иштирокдори ин созмон ва ҳам вакилони созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ ба ҳам омаданд.Дар оғози ҷаласа, ки бо сухани ифтитоҳӣ ва таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷараён гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони ҳамоишро ба Тоҷикистон хуш омадед гуфта, изҳори умед намуд, ки зимни ҷаласаи имрӯза ва тайи раёсати Тоҷикистон дар Гуфтугӯйи ҳамкории Осиё бо кумаку дастгирӣ ва ҳамёрии шарикон натиҷаҳои назаррас барои шинохти бештари ин созмон ва татбиқи амалии ҳадафҳои волояш ба даст меоянд.Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъриху фарҳанги бостонӣ ва имкону захираҳои фаровони табиӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар қитъаи Осиё зиёданд кишварҳое, ки дастрасии кофӣ ба неъматҳои маъмулии иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ, нерӯи барқ, оби тоза, хизматрасонии тиббӣ ва маориф надоранд.Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии ин ҳолат бояд кишварҳои мутараққӣ ва пешрафтаи Осиё бо имконоти фарохи худ ба давлатҳои ҳамшарики ниёзманд мусоидат намоянд.Аз ҷумла барои мусоидат ба рафъи мушкилоти энергетикии кишварҳои ниёзманди Осиё пешниҳод карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Форуми энергетикии кишварҳои иштирокдори ин созмон баргузор карда шавад.Таклифу пешниҳодҳои мушаххаси дигар низ ба миён гузошта шуд, ки мавриди дастгирии аҳли ҷаласа қарор гирифт.Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Гуфтугӯи ҳамкории Осиё пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Холид ал-Ҳамад оли Сабоҳ ва собиқ Сарвазири Таиланд Таксин Шинаватра, ки аз ҷумлаи асосгузорони ин созмон ба шумор меравад, суханронӣ намуданд.Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Холид ал-Ҳамад оли Сабоҳ бори дигар пешниҳоди Амири ин давлатро доир ба таъсиси Хазинаи молиявии Гуфтугӯйи ҳамкории Осиё бо сармояи ибтидоии 2 миллиард доллари амрикоӣ ба миён гузошта, иттилоъ дод, ки Давлати Кувайт омода аст ба ин хазина 300 миллион доллари амрикоӣ ворид намояд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






