Иштироки Президенти Тоҷикистон дар таҷлили чорумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз

Март 21, 2013 19:24

Душанбе, 21 март. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар шаҳри Ашхободи Туркманистон ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид.Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашхобод бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Русия, Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева Касимжомарт Токаев ва ҳайатҳои илмию фарҳангӣ аз кишварҳо ва созмонҳои дигар ҷараён гирифт.Аз чорабиниҳои марказии Наврӯзи байналмилалии соли 2013 дар Ашхобод “Конфронси байналмилалии Наврӯз ҷашни инсондӯстӣ ва рифоҳ” буд.Конфронс бо нутқи ифтитоҳии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва суханронии сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо оғоз ёфт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки баргузории ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Туркманистон басо табиист, зеро “ин сарзамини меҳмоннавоз дар гузашта ва имрӯз ба фазои ягонаи тамаддуние дохил мешавад, ки ватани Наврӯзи оламафрӯз ба шумор меравад”.Бо ишора ба ёдгориҳои Тахти Ҷамшед таъкид гардид, ки “Наврӯз дар қаламрави 23 кишвари онрӯзаи ҷаҳон ҷашн гирифта мешудааст, ки ҳудуди бузургеро аз кӯҳҳои Ҳиндукуш то Мисру Юнон ва аз Русияву Қафқоз то Ҳиндустони кунунӣ дар бар мегирифт”.Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, “фарҳанги инсондӯстии Наврӯз моро ҳидоят мекунад, ки дар навбати аввал роҳҳои иртибот ва коммуникатсияро дар дохили кишварҳоямон барқарор кунем ва онҳоро такмилу инкишоф бахшем ва ба ҳамин васила теъдоди ҳарчи бештари омилҳои ҷудоиро аз миёни миллатҳо ва давлатҳои ҳавзаи наврӯзӣ бардорем”. Манзур аз ин андеша, албатта ба имзо расидани санади сеҷониба доир ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон аст, ки омили таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар минтақа хоҳад буд.Тантанаҳои бошукӯҳи фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Аҳали Туркманистон бо намоиши ҳунарҳои волои мардумӣ ва барномаи базму тараби идона баргузор гардид.Дар ин барномаҳо дар баробари гурӯҳҳои фарҳангии Туркманистон ва дигар кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз гурӯҳи бонуфузу сершумори фарҳангиёну санъаткорон ва ҳунармандони мардумӣ ва олимону адибони Тоҷикистон иштироки фаъол намуданд.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 21, 2013 19:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст