Иштироки Сарвари давлат дар ҳашари «Наврӯзи бунёдкорию ниҳолшинонӣ»
Душанбе, 23 март. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумии ниҳолшинонӣ баромада, ҳамагонро ба иҷрои оини наврӯзии поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию кабудизорсозии атроф даъват намуд.Тавре зикр гардид, аз айёми бостон дар рӯзи сеюми Наврӯзи хуҷаста мардум ба ҳашари ниҳолшинонию кабудизорсозии муҳити зист баромада, ҳамчунин корҳои кишоварзиро вусъат мебахшиданд. Аз ин хотир бо ташаббусу пешкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми зиёд дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳашари умумӣ даъват карда шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҳашари ниҳолшинонию кабудизорсозии ин мавзеъ бевосита иштирок намуда, шахсан ниҳолҳои нодири бузургҷуссаи ороишию сояафкан шинонд.Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааи давлатии Кохи Борбад ва ҳамчунин ходимони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар иштироки фаъол намуданд.Иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ, аз як ҷиҳат нишонаи муҳаббати беандозаи ӯ ба табиати биҳиштосо ва зебоиҳои камназири Тоҷикистони азиз бошад, аз ҷониби дигар як навъ тарғибу ташвиқи шоистаи мардум ба корҳои ободонию созандагӣ ва фарҳанги зебоишиносӣ аст.Зимни суҳбату ҳидоятҳо ба мутахассисону масъулони соҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки баробари эҳёи оинҳои сершумори наврӯзӣ, оини «Наврӯзи бунёдкорӣ» низ, ки дар рӯзи сеюми ин ҷашни таҷассумгари пайванди инсону табиат ва коинот ба амал мебаромад, аз нав густариш пайдо мекунад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






