Иштироки Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи бинои нави ВКХ

Март 15, 2013 13:41

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави боҳашамати Вазорати корҳои хориҷӣ, ки аз 8 ошёна иборат аст, ифтитоҳ ёфт.Дар саҳни ҳавлии бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону собиқадорони корпуси дипломатии Тоҷикистон ду дарахти 50-солаи сиквои калифорнӣ шинонданд. Ин дарахтони бузургҷусса, ки зиёда аз 3 ҳазор сол умр мебинанд, бо дуои пояндагӣ ва ҷовидонагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шинонда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кории дар ин бино муҳайёгардида шинос шуда, ба натиҷаи кори бинокорон ва муҷаҳҳазсозони он баҳои баланд дод. Дар ин бино тамоми шароити корӣ барои кормандони вазорат, қабули меҳмонони хориҷӣ, маҷлису машваратҳо ва дигар чорабиниҳо муҳайё гардидааст.Тавре зикр гардид, ин бино дар зарфи 2,5 сол бо харҷи қариб 73 миллион сомонӣ маблағҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ, аз ҷумла даромадҳои хадамоти консулӣ, бе сарфи маблагҳои буҷетӣ, бунёд ёфтааст.Дар толори калони бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, ки дорои 260 ҷойи нишаст мебошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва кормандони ин вазорат, роҳбарони сафорату дигар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, собиқадорони соҳа ва умуман корпуси дипломатии кишвар мулоқоти судманди ошкоро анҷом дода, доир ба татбиқи босамари сиёсати хориҷии давлат андешаҳои ҷолиб баён намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 

Март 15, 2013 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст