Изҳороти матбуотии Э. Раҳмон пас аз анҷоми мулоқоти сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон

Март 20, 2013 22:15

Намояндагони мӯҳтарами васоити ахбори омма,Хонумон ва ҷанобон,Президенти Туркманистон, мӯҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич Бердимуҳамедов дар барои натиҷаҳои асосии мулоқот нақл карданд. Ҷониби Тоҷикистон ба ин натиҷаҳо аҳамияти бузург медиҳад.Мо комилан эътиқодманд ҳастем, ки бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон яке аз қисматҳои калидии рушди осоишта ва созандаи Афғонистон, мисоли таҳкими воқеии ҳамкории минтақавӣ хоҳад шуд. Гуфтугузорҳо дар бораи ин тарҳро ба кори амалӣ, имконсанҷии мушаххаси техникиву иқтисодӣ ва татбиқи воқеии лоиҳа мубаддал кардан зарур аст.Як сол муқаддам дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ барои Афғонистон, ки чун РЕККА-5 маъруф аст, баргузор шуд. Мо ҳарчӣ зудтар амалӣ кардани лоиҳаҳоеро, ки конфронс маъқул донистааст, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳан ва васл кардани шабакаҳои роҳҳои оҳанро бо истифода аз имкониятҳои Туркманистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамҷавори Афғонистон фавқулодда муҳим мешуморем.Ҳанӯз солҳои 90-уми қарни гузашта масъалаи сохтмони вариантҳои гуногуни роҳи оҳан, ки Осиёи Марказиро бо Афғонистон бипайвандад, баррасӣ шуда буд. Фоидаи татбиқи чунин лоиҳа равшану возеҳ аст.Ин иртиботи эътимодноки нақлиётӣ байни кишварҳои мо, афзоиши ҷиддии гардиши мол, мусоидат ба таҳкими равобити иқтисодии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказист.Ҳалли масоили эҳёи иқтисодии Афғонистонро на алоҳида, балки дар чаҳорчӯбаи рушди умумии минтақа баррасӣ бояд кард. Қобили зикр аст, ки Афғонистон дар фазои воҳиди ҷуғрофию иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст, ки дар он масоили рушди иқтисодӣ ва амният бо ҳам пайвандҳои зич доранд.Ҳалли ин масоил замонати некӯаҳволии на танҳо минтақаи бузурги мост, балки яке аз омилҳои амнияти байналмилалӣ низ мебошад.Мо омодаем, ки минбаъд низ муколамаи муштаракро ҷиҳати ҷустуҷуи рушди ҳамкориҳо бо ҷалби ҳамаи бахшҳои калидӣ, бо дарназардошти манфиатҳои кулли минтақа ва ҳар як кишвари узви он густариш бахшем.Тоҷикистон ба ояндаи равобити чандҷонибаи мо аз ин майдони ҳамкорӣ бо назари нек менигарад ва омода аст, ки имкониятҳои бузурги онро дар амал татбиқ намояд.Ман аминам, ки иштирокдорони дигари ин мулоқоти байнидавлатӣ низ ҳамаи кори заруриро барои ин анҷом хоҳанд дод.

Март 20, 2013 22:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид