Кӯмаки «Бобуна» ба беморон

Март 28, 2013 09:27

Кӯлоб, 28 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). — Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо дастгирии ҳокимияти маҳаллӣ ташкилоти хайриявии «Бобуна» фаъолият мекунад. Ташкилоти мазкур дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба табобатгирандагони беморхонаи бемориҳои зидди сили ноҳияи Ҳамадонӣ кӯмак расонид. Роҳбари ташкилоти хайриявии «Бобуна» Саидислом Мирзоев ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки ташкилоти мазкур се сол боз дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба беморон чунин кӯмакҳо мерасонад. Дар баробари ин бо маблағҳои ташкилот дастгоҳи рентгенӣ таъмир карда шуд, ки имкони дар деҳаҳо ташхиси сокинон муҳайё гардид.Роҳбарияти ноҳия ва ташкилоти хайриявии «Бобуна» ба табобатгирандагон ва пизишкони беморхонаи зидди касалиҳои сил туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Март 28, 2013 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст