Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 28, 2013 10:27

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Пеш аз ҳама Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 тасдиқ карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки омодагии ҷиддӣ ба зимистонро аз ҳозир ҳамаҷониба оғоз намоянд. Таваҷҷуҳи зиёд ба барқарору навсозии марказҳои барқугармидиҳии мавҷуда ва тезондани сохтмони маркази нави барқугармидиҳии шаҳри Душанбе зоҳир гардид. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба захира намудани ангишт, гази моеъ ва мазут дода шуд.Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, “Дар бораи воситаҳои нашадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ”, “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ”, “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо пешниҳод гардид. Хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи ду қонуни нав – “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия” ва “Дар бораи нафт ва газ” низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2015 ва таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қабул карда шуд.Номгӯйи конҳои ангишти дорои аҳамияти стратегӣ тасдиқ гардид.Дар фароварди маҷлис дар назди масъулин доир ба омода намудани обкашҳои барқӣ барои таъмини кишоварзон бо об, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи об, иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дода шуда буданд ва ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои соҳилбандӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои шадиди офатҳои табиӣ, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 28, 2013 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст