Маросими имзои санадҳо миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Япония
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).- 28 марти соли 2013 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония оид ба кӯмаки бебозгашт дар чаҳорчӯби «Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти хизматрасонӣ ба роҳҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ», ҳамчунин имзои Ёддоштҳои табодулӣ миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония оид ба кӯмаки бебозгашт дар ҳошияи «Лоиҳаи таҷдиди таҷҳизоти тиббӣ, обтаъминкунӣ ва қубурҳои обпарто ҷиҳати ҳифзи саломатии модар ва кӯдак» баргузор гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳоро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Япония Сафири Фавқулодда ва Мухтори ин кишвар дар Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаши имзо намуданд. Ҳамзамон бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои бебозгашти номбурда ду шартномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба имзо расид. Санадҳоро аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби JICA сардори намояндагии JICA дар Тоҷикистон Ҷиро Иида ба имзо расониданд. Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Япония аз соли 1993 инҷониб барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва инчунин рушди захираҳои инсонӣ ба Тоҷикистон кӯмакҳои бебозгашти техникӣ мерасонад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






