Муҳокимаи масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистону Украина
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо вазири рушди манотиқ ва сохтмони Украина, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ Геннадий Темник баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ва масоили омодагӣ ба иҷлосияи пешорӯи Комиссияи байниҳукуматиро, ки аз 2 то 4 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима намуданд.Тарафайн ҳамчунин масоили рушди равобити байниминтақавӣ ва густариши ҳамкорӣ дар бахши илму маорифро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр шуд, ки моҳи июни соли равон дар Тоҷикистон доир намудани Рӯзҳои фарҳанги Украина ба инкишофи ҳамкорӣ дар ин бахш мусоидат менамояд.Сафири Тоҷикистон аз ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ хоҳиш намуд, ки масъалаи барқарор намудани роҳи ҳавоии байни Душанбе ва Киев ҳар чи зудтар ҳал карда шавад.Геннадий Темник аз ҷониби худ изҳор дошт, ки Украина ҷонибдори рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун мебошад. Мавсуф изҳори боварӣ намуд, ки ҷаласаи қарибулвуқӯи Комиссияи байниҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






