Муаррифии Тоҷикистон дар Олмон
Гузориши муфассал аз Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITB Берлин”
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Аз 6 то 10 марти соли равон дар Маҷмааи намоишгоҳии “Messe Berlin GmbH”–и пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон – шаҳри Берлин, ки дар майдони 160 000 метри мураббаъ доман паҳн кардааст, чилуҳафтумин Намоишгоҳи байналмилалии туристӣ – “ITB Берлин – 2013” доир гардид. Дар он намояндагони 188 кишвари дунё имконоти индустрияи туризми кишварҳои худро ба маъраз гузоштанд. Ҷумҳурии моро дар ҳамоиши мазкур, ки бузургтарин дар дунё мебошад, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомиддин Сатторов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои сайёҳие, ки ба туризми воридотӣ машғуланд, аз қабили Ҳабибулло Абдуллоев, директори генералии ҶСК “Гулистон тур”, Диловара Баҳромова, директори ҶСК “Куҳандиз”, Сурат Тоймастов, директори Ширкати туристии “Сафари Помир”, Амондулло Насруллоев, директори Ширкати туристии “Чилмеҳроб”, Шагарф Мулло Абдол, директори ширкати “Помир” ва хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” намояндагӣ карданд.Соли равон кишвари ҳамшарики “ITB Берлин” — Индонезия масъули ифтитоҳи намоишгоҳ ба ҳисоб мерафт ва ҳамзамон, имконоти туристии минтақаҳои қитъаи Осиёро муаррифӣ кард. Ин буд, ки дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ ҳунармандони варзидаи индонезӣ бо пешкаши гулдастаи тару тозаи ҳунарӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд. Сипас Раймонд Ҳош, президенти Маҷмааи намоишгоҳии “Messe Berlin GmbH”, Клоуз Вовереит, мири шаҳри Берлин, Сусило Юдҳоёно, Президенти Ҷумҳурии Индонезия ва Ангела Меркел, Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон сухан гуфта, нақши туризмро дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишварҳо баланд арзёбӣ карданд.Аз ҷумла, Ангела Меркел доир ба нақши туризм дар Олмон мухтасар маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Иттиҳоди Аврупо дар самти воридоти шаҳрвандони хориҷӣ баъд аз Фаронса ҷои дуюмро мегирад. Ин ба он маъност, ки ҳар сол, агар ба Олмон 76 миллион сайёҳ ворид гарданд, 17 миллион нафари онҳо ҳатман аз Берлин дидан мекунанд ва наздики 6 миллион шаҳрванди Олмон бо истифода аз имкониятҳои моддии худ ба сайру саёҳати дигар кишварҳо мебароянд.- Умуман Берлин яке аз пешгомони ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, минтақаҳои сайёҳии Бавария, Франкфурт ва Мюнхен низ ҳар яке хусусиятҳои ба худ хосу ҷолиб доранд, – афзуд Ангела Меркел ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки вақт ёфта, аз минтақаҳои сайёҳию таърихии Олмон дидан намоянд.6 март зимни вохӯрии вазирони туризми мамлакатҳои Роҳи абрешим, ки дар доираи Намоишгоҳи “ITB Берлин” ҳар сол бо иштироки коршиносони Созмони умумиҷаҳонии туристии назди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад, чун анъана, муҳимтарин масоили соҳаи туризм баррасӣ шуда, таҷрибаи беҳтарин ширкатҳои сайёҳии олам муаррифӣ гардиданд. Дар он ҳамчунин раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов сухан гуфта, роҷеъ ба рушди бемайлони сайёҳии мамлакат, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯз то рӯз ҷанбаҳои тоза пайдо менамояд, ҳарф зад.Маликшо Неъматов Намоишгоҳи байналмилалии “ITB Берлин”-ро воситаи хуби бо ҳам омезиш ёфтани фарҳангу анъанаҳо ва муколамаву тиҷорат дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ кард. Ба андешаи ӯ ҳама самтҳои туризм, чӣ осоишгоҳи маъруфи соҳили баҳр, чӣ экотур ё ширкат дар карнавал ҳам барои туристони фаъол ва ҳам барои афроди имконоташон маҳдуд истироҳати хотирмон аст. Аз ин рӯ, боистӣ, он ҳама садду монеаҳое, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои тарафайн ба миён меоянд, ба таври бояду шояд ва дар муҳлати кутоҳтарин ҳалли ниҳоии худро пайдо намоянд, то мо дар чунин нишастҳои сатҳи байналмилалӣ аз навгонию омилҳои гуногуни пешрафти соҳа бештар ҳарф занем.7 март бо ҳузури намояндагони 50 давлати ҷаҳон дар ҳошияи Анҷумани байналмилалии иқтисодии Берлин чорабинии махсус ба унвони “Масъулият барои ҳифзи муҳити зист ва экотуризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд. Онро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Донишгоҳи дипломатияи фарҳангии Берлин созмон доданд.Зимни суханронӣ Имомиддин Сатторов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, сарватҳо ва захираҳои бойи табиати кишвар ва истифодаи оқилонаи онҳо дар ростои рушди иқтисоди сабз, инчунин дар бораи ташаббусҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи гуногунии табиати нодири Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақл намуд.Дар робита ба масъалаҳои рушди иқтисоди минтақа, Имомиддин Сатторов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими равандҳои ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, ҳалли мушкилоти мубрами иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, инчунин, тавсеаи иқтидори транзитии минтақа, ки бо шумули кишварҳои Афғонистону Покистон амалӣ мешаванд, ҷалб намуд.- Эҷоди монеаҳои сунъӣ дар роҳи ҳаракати озоди шаҳрвандон, амвол ва хизматрасониҳо ҳамеша барои мардуми Осиёи Марказӣ мафҳуми бегона мебошанд ва минтақаи мо чун пул миёни Аврупо ва Осиё ва дили “Роҳи абрешим” аз қадим дар таърихи башарият бо фарҳанг ва усулҳои устувори ҳамдигарфаҳмӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми якдигар ва таҳаммулпазирии худ машҳур аст, — таъкид дошт Имомиддин Сатторов.Муаррифии “Иқтидори рушди экотуризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди шунавандагони донишгоҳи мазкур бо ҳузури раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва як гуруҳ намояндагони ҳайати ҷумҳурӣ, ки дар кори Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITB Берлин” ширкат варзиданд, аз ҷониби муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев сурат гирифт. Сарпарасти соҳаи туризми мамлакат зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи табиӣ барои инкишофи ин самти муҳими туризм тадбирҳои муайянро амалӣ менамояд. Масъулини соҳа якҷо бо ширкатҳои туристӣ барномаҳои ҷолиберо оид ба ҷалби дӯстдорони сайру саёҳати ҷаҳон таҳия намудаанд. Ҳадафи асосии дастгирии пешрафти экотуризм дар Тоҷикистон аз он иборат аст, ки аҳолии таҳҷоӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар ба сайёҳон дар баробари расонидани хизмат, инчунин баҳри ҳимояи табиат ва олами наботот аз истисмор ва харобшавӣ саҳм гузоранд.Ҳамчунин зикр шуд, ки Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун гавҳари кашфношуда арзёбӣ мегардад. Баргузории намоишгоҳу ҳамоишҳо метавонад барои бедор кардани завқи шаҳрвандони хориҷӣ баҳри боздид аз Тоҷикистони офтобрӯя созгор бошад.Дигар лаҳзаи пурифтихори ин чорабинӣ он буд, ки намояндаи доимии Салтанати давлати Омон дар Созмони Милали Муттаҳид Муҳаммад Салим Ас-Саадӣ зимни музокирот оид ба хотираҳои неки худ аз Тоҷикистон, бахусус аз шаҳри Душанбе ва минтақаи Бадахшон ёдовар шуд. Номбурда зикр кард, ки меҳмоннавозии самимонаи мардуми шарифи тоҷик ва манзараву мавзеъҳои биҳиштосои он дар қалби ӯ ҷо гирифтааст ва имсол низ азм дорад бо аҳли оилааш аз ватани мо дидан намояд. Ӯ ҳамчунин аз иштироккунандагон даъват ба амал овард, ки ба кишвари мо сафар карданро ба нақша гиранд ва бо таъриху фарҳанги қадимаи мардуми меҳмоннавози тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намоянд.Тавре ки аз суҳбат бо Муҳаммад Салим Ас-Саадӣ маълум гашт, ӯ дар доираи ҷаласаи Созмони конфронси исломӣ, ки соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба кишвари мо сафари корӣ доштааст.Дар анҷом Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Имомиддин Сатторов ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев ба пурсишҳои иштирокдорони анҷуман ва хабарнигорони олмонӣ дар бораи Тоҷикистон ва дурнамои рушди иқтисодии он посух доданд.Дар нақшаи кори “ITB Берлин-2013” инчунин масоили туризми корию хизматрасониҳои ҳамрадифи он, ки торафт бештар маъмул мегарданд, ҷой дошт. Иштирокчиён зимни машварату семинар, конфронсу нишастҳои матбуотӣ ва муаррифию мизҳои мудаввар дурнамои интиқоли оҷонсиҳои туристӣ аз офис ба интернет, истифодаи системаи броникунӣ ва технологияи мобилиро низ муҳокима карданд.Шоёни зикр аст, ки “ITB Берлин” бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии дунё буда, таваҷҷуҳи федератсияҳои байналмилалии туризм, созмонҳои туристии миллию минтақавӣ, оҷонсиҳои туристию нақлиётӣ, операторони туристӣ, сарварону менеҷерҳои меҳмонхонаҳо, марказҳои фароғатӣ, осорхонаю паркҳои миллӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва муассисаҳои молиявиро ҷалб намудааст.Бино ба хулосаи мутахассисон, дар қиёс ба дигар намоишгоҳҳо “ITB Берлин” тамоми раванди рушди сайёҳии байналмилалиро ифода мекунад. Чунки дар он ҳама роҳҳои инкишофи соҳа ва тамоми ҳалқаҳои занҷири заминаи маҳсулоти сайёҳӣ ба намоиш гузошта мешаванд.Чизи дигаре, ки зикри он муҳим аст, дар намоишгоҳ дар баробари тамошои намунаи дастовардҳо, инчунин, метавон дар суҳбату машваратҳои гуногун, симпозиумҳо, вохӯриҳо, гуфтугӯи гирди мизҳои мудаввар ва амсоли инҳо иштирок кард.Ғайр аз ин, дар “ITB Берлин” ҳама паҳлуҳои саноати сайёҳӣ аз тарафи федератсияҳои байналмилалии сайёҳӣ, ташкилоти миллию минтақавии сайёҳӣ, хадамоти сайёҳӣ, нақлиётӣ, танзимгарони сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои суғуртавӣ ва бисёр дигар муассисаҳо ба маъраз гузошта шуда, дар зимн ширкаткунандагон метавонанд бевосита шоҳиди ҳама рангорангиҳои соҳаи тиҷорати марбут ба саёҳат ва истироҳат гарданд. Ба ҳамин хотир аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соли шашум аст, ки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мутахассисон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар ҳамоиши мазкур иштирок мекунанд.Дар ин бора хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Самариддин Асозода аз шаҳри Берлин иттилоъ дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






