Муколамаи ҳамкории Осиё

Март 27, 2013 14:04

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»).- Муколамаи ҳамкории Осиё ҳамоиши минтақавии кишварҳои Осиё мебошад, ки ҷонибдорони принсипҳои баробарӣ, эҳтироми мутақобила, ҳамкории мутақобилан судманд ва сиёсати некхоҳонаро бо ҳам гирд овард. Кишварҳои узви ин ҳамоиш баҳри барпо намудани Осиёи нав саъю талош менамоянд, ки дар он сулҳи пойдор, субот ва шукуфоӣ ҳукмфармо бошад. Ғояи “Муколамаи ҳамкории Осиё” аз ҷониби Шоҳигарии Таиланд дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ (АСЕАН) моҳи феврали соли 2002 пешниҳод гардида буд. Мақсади асосии он – ба вуҷуд овардани афзори нави ҳамкории байниминтақавӣ буд, ки тавонад мисли пул миёни ҳамоишҳои дигари минтақавии Осиё хизмат кунад ва дар оянда сохтори асосии ҳамкориҳои умумиосиёгӣ бошад. Дар вохӯрии таъсисии сатҳи вазирони МҲО (ш. Чаам, Таиланд, июни соли 2002) ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш – ба вуҷуд овардани афзори табодули афкор ва таҷриба миёни иштироккунандагон, ҳамоҳангии ҳамёрии онҳо дар сатҳҳои гуногун, таҳияи стратегияи вокуниш ба чолишҳои муосир ва паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ муайян карда шуданд. Дар айни ҳол Муколамаи ҳамкории Осиё 32 кишвари қитъаи Осиё — Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Бангладеш, Баҳрайн, Бруней-Дорулассалом, Бутан, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Камбоҷа, Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Қувайт, Қатар, Русия, Малайзия, Муғулистон, Мянма, Чин, Лаос, Покистон, Сингапур, Тоҷикистон, Таиланд, Шри-Ланка, Уммон, Ӯзбекистон, Филиппин ва Японияро гирди ҳам овардааст. Инчунин барои шомил шудан ба МҲО Австралия, Непал ва Яман амалан мароқ зоҳир намудаанд. Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО мақоми олии ин ҳамоиш ба ҳисоб меравад, ки ҳар сол як маротиба баргузор мегардад. Байни ҷаласаҳои вазирони корҳои хориҷии МҲО мулоқотҳои кории вазирони корҳои хориҷӣ дар ҳошияҳои иҷлосияҳои навбатии Маҷмаи Умумии СММ баргузор мегардад, ки дар он ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо муҳокима мегардад ва оид ба рӯзномаи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат мегирад. Дар чаҳорчӯбаи Муколамаи ҳамкории Осиё 20 барномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика ва амнияти энергетикӣ, технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси саҳҳомии осиёгӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна, муколамаи тамаддунҳо ва ғайра амалӣ мегарданд. Ҳамзамон ҷиҳати барпо намудани Созмони энергетикии Осиё ва таъсиси Маркази МҲО оид ба рушди имкониятҳои башарӣ мувофиқаҳо ҳосил шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми вазирони корҳои хориҷии МҲО 5 июни соли 2006 дар Қатар ба узвияти МҲО қабул гардида буд.

Март 27, 2013 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст