Мулоқотҳои Ҳ. Зарифӣ дар арафаи ҷаласаи МҲО

Март 29, 2013 09:26

Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).- 28 марти соли 2013 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Наҷи Кору баргузор гашт. Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои байни ду давлати дӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зимни мулоқот мусоҳибон масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишварро бо истфодаи имконоти мавҷуда баррасӣ намуданд.Дар вохӯрӣ бо Намояндаи махсуси вазири корҳои хориҷии Сингапур Зайнал Абидин Рашид масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф ва рушди тиҷорат баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин оид ба самтҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.Дар ҷараёни суҳбати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Наваз Дипу Монӣ самтҳои гуногуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва дурнамои онҳо, инчунин масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Худи ҳамон рӯз вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Минору Киучиро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳолат ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармояро баррасӣ намуданд. Мусоҳибон инчунин оид ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷанба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, инчунин самтҳои ҳамдастӣ, ки ба истиқрори сулҳ ва суботи иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равона шудаанд, табодули назар намуданд.

Март 29, 2013 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст