Мулоқоти Э. Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар

Март 29, 2013 13:57

Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).Зимни сӯҳбат бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Атия масоили ҳамкории рӯ ба рушди ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.«Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо Давлати Қатар аҳамияти хос медиҳем ва ҳамин гуна бардоштро аз ҷониби давлати Шумо нисбат ба Тоҷикистон пайваста эҳсос менамоем”, — изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили сохтмони масҷиди ҷомеи Душанбе ва шаҳраки манзилию тиҷоратии Диёри Душанбе, ки бо сармоягузории мустақими Қатар сурат мегирад, зоҳир гардид.Иштироки васеи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти минтақавии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва ғайра матлуб дониста шуд.Таъкид гардид, ки оғози ҳамкории воқеӣ дар соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли асал, ифтитоҳи бахши фаръии Бонки тиҷоратии Қатар дар Тоҷикистон, фаъол гардонидани хатти мустақими ҳавоии байни ду кишвар ва ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Қатар дорои суди зиёд барои ҳарду ҷониб хоҳад буд. Ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Қатар барои донишҷӯёни тоҷик омили таҳкимбахши робитаҳои ду кишвар номида шуд.Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 29, 2013 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст