Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбонгули Бердимуҳаммадов
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ вориди шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон шуд.Барои иштирок дар тантанаҳои идона ва ҳам мулоқотҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ба Туркманистон, ҳамчунин сарони давлатҳо ва ё намояндагони воломақом аз Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркия ва дигар кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзи оламафрӯз ташриф меоранд.Пас аз чанд лаҳзаи ворид шудан ба Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгули Бердимуҳаммадовро ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Туркманистон табрик гуфта, ба сатҳи омодагӣ ва пазироии кишвари мизбон баҳои баланд дод.Дар вохӯрӣ, ҳамчунин маҷмӯи васеи масоили вобаста ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд.“Ҳамкорӣ бо Туркманистон дар сиёсати хориҷии минтақавии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад”, — изҳор намуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Лоиҳаи пайвастани роҳҳои оҳани Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон, ки тайи 2-3 соли оянда бояд амалӣ гардад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ номида шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ҳоло лоиҳаи боз 17 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар ҳоли омӯзиш ва мувофиқасозӣ қарор дорад.Дар вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






