Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон

Март 28, 2013 17:04

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин намояндагони воломақоми як қатор давлатҳои Осиёро, ки барои иштирок дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Гуфтугӯйи Осиё доир ба ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.Дар вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.Эрлан Абдилдаев ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду нома аз Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев тақдим намуд. Тавре зикр гардид, бо ин номаҳо Сарвари давлати Тоҷикистон ба Қирғизистон барои анҷом додани сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай даъват карда мешавад.Эмомалӣ Раҳмон даъвати ҳамтои қирғизи худро пазируфта, ҳавасмандии Тоҷикистонро “ба рушди муносиботи босуботи дарозмуддат бо Қирғизистон” таъкид намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки “густариши робитаҳо бо Қирғизистони ҳамсоя аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.Зикр гардид, ки барои дар сатҳи матлуб доир намудани ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон то замони ин сафар омодагии ҷиддӣ бояд дид.Атрофи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 (кашидани хатти 500-киловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон) ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду давлат гуфтугӯи созанда сурат гирифт.Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон ба рушди минбаъдаи муносиботи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшида мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 28, 2013 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст