Мусобиқаи гӯштини миллӣ бахшида ба Наврӯз
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз аз 14-ум то 16-уми марти соли ҷорӣ байни Сарраёсат, Раёсат ва ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи гӯштини миллӣ байни 18 даста ва 163 паҳлавон дар толори варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ин мусобиқа барои соҳиб шудан ба Ҷоми ифтихории гӯштини миллӣ паҳлавонон аз вазни 60 кг то 100 кг қувваозмоӣ намуданд. Дар ин рақобати варзишӣ ҷои якум насиби гӯштингирони Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, ҷои дуюм сазовори гӯштингирони Раёсати таҳқиқ ва ҷои сеюм насиби варзишгарони Хадамоти муҳофизаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.Дар фарҷоми бозиҳо ҳамаи дастаҳо аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД бо Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






