Нахустҷаласаи КБҲ дар Душанбе
Душанбе, 5 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи нахустини Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи /КБҲ/ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид, ки дар кори он -Муродалӣ Алимардон- ноиби Сарвазири мамлакат, муовини раиси Кумитаи миллии тадорукоти Конфронси мазкур ва коршиносони байналмилалӣ ширкат доштанд. КБҲ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бо мақсади омодагии ҳар чӣ бештар ҷиҳати баргузории конфронси байналмилалӣ созмон дода шуда, дар он ҳудуди 20 нафар олимону сиёсатшиносон, коршиносони институтҳои байналмилалӣ, намояндагони вазорату идораҳои кишвар шомиланд. Дар ҷаласаҳои КБҲ масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об мавриди таҳлил ва баррасии амиқи аъзои Кумитаи мазкур қарор гирифта, доир ба нақшаи чорабиниҳо, мавзуот ва дигар масоили вобаста ба гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об пешниҳоду андешаҳо ироа месозанд. Дар ҷаласаи нахустини КБҲ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар Раҳмат Бобокалонов, намояндагони Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ ва коршиносон доир ба аҳамияти баргузории Конфронси мазкур, ки рӯзҳои 20-21 августи соли равон дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Душанбе гузаронида мешавад, табодули назар карданд. Ноиби раиси Кумитаи миллии тадорукоти баргузории конфронс, муовини Сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон доир ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ибрози назар намуда, гуфт ки раҳбарият ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ва баргузории чорабинии мазкур таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, бобати дар сатҳи баланд гузаронидани он Кумитаи миллии тадорукоти конфронс таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов созмон дода шудааст. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ доир ба мавқеъ ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақа ибрози назар кард. Мавсуф афзуд, ки масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об яке аз масоили муҳим ва ҳасос ба шумор рафта, таҳлили амиқ ва ҳалли мушкилӣ аз истифодаи механизми устувори ҳамкориҳо дар соҳаи об ва мавқеи кишварҳои минтақа вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар масъалаи таҳкими ҳамкориии кишварҳои минтақа ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта дар доираи ҳамкориҳои устувор ва ҳусни ҳамҷаворӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






