Натиҷаи 4 амалиёт- мусодираи беш аз 30 кг маводи мухаддир

Март 12, 2013 08:02

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷўии кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар назди меҳмонхонаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ронандаи мошини тамғаи «Опел» Ҳасанов Алишер Мадалиевич, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Кўлоб, оиладор, соҳиби 5 фарзанд дастгир шуд. Зимни азназаргузаронии воситаи нақлиёт аз дохили он 5 адад бастаи селофанӣ бо вазни умумии 4 килограмму 964 грамм героин дарёфт ва мусодира гардид. Тибқи нишондоди боздоштшуда Алишер Ҳасанов ў маводи нашъаоварро аз шаҳрванд Наҷмиддинов Карим Сўфиевич, сокини деҳаи Хирманҷои ҷамоати Ёли ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, оиладор, соҳиби 5 фарзанд бар ивази 25 ҳазор доллари ИМА харидааст. Алишер Ҳасанов ният дошт маводи героинро ба як нафар сокини шаҳри Чкалов, ки ному насабаш бо назардошти халалдор нагардидани ҷараёни тафтишот ифшо намегардад, ба маблағи 30 ҳазор доллар фурўшад.Дар натиҷаи амалиёти дигар аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, дар манзили зисти шаҳрванд Тоиров Нуралӣ Буриевич, соли таваллудаш 1955, сокини кўчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ваҳдат кофтуков гузаронида шуд. Ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии мавсуф аз болои бом ва дохили хонаҳои истиқоматӣ қариб 6 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла дар 33 адад қуттии гўгирд ва 6 бастаи полиэтилинӣ бо вазни умумии 2 килограму 696 грам бангдона, 1 килограму 947 грам афюн, 710 грам ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.Дар доираи идомаи чорабинии мазкур кормандони мақомоти амнияти миллӣ шаҳрванд Муродов Ҳусейн Тағоймуродовичро таҳти назорат қарор доданд. Номбурда аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи Нодир маводи нашъаоварро тавассути марзи давлатӣ дар ҳудуди деҳаи Миршикорони ноҳияи Шўрообод дастрас намуда, сипас бо ҳамдеҳааш Раҳимов Идимат Абдулғафорович бобати ба шаҳри Ваҳдат интиқол додани маводи мухаддир маслиҳати пешакӣ анҷом додаанд. Номбурдагон рўзи 1-уми март дар натиҷаи амалиёт боздошт гардида, аз онҳо 1 килограмму 984 грамм ҳашиш ва 1 килограмму 342 грамм афюн дарёфт ва мусодира гардид. Кўшиши дигари интиқоли маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон якҷоя бо марзбонон дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Навобод» -и ноҳияи Панҷ пешгирӣ намуданд. Зимни амалиёт аъзои гуруҳи нашъаҷаллоб Рамазон валади Тухтари 35-сола, зода ва сокини деҳаи Қарлуқ, улусволии Хоҷаиғори вилояти Тахор дастгир шуда, аз ў ба миқдори 13 кг 290 грамм бангдона ва 3 кг 15 грамм ҳашиш мусодира гардид.Ду сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни чорабинии муштараки кормандони раёсатҳои КДАМ ва ВКД ҶТ дар ВМКБ бо гумони марзшиканӣ боздошт гардиданд. Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки сокини деҳаи Баррўшони ноҳияи Рўшон Қобилов Рўзӣ Қамурович бо ҳамдеҳааш Амзалиев Чора Наврузшоевич бобати ғайриқонунӣ гузаштан аз хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, бо мақсади ба даст овардани маводи мухаддир барои истеъмоли шахсӣ, маслиҳат анҷом додаанд. Қобилов Рўзӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии “Рўшон” шарикашро дар соҳили дарёи Панҷ гузошта, худаш тавассути камераи мошин марзро ғайриқонунӣ убур намудааст. Дар натиҷа Амзалиев Чора ва Қобилов Рўзӣ дар ҳудуди ноҳияи Рўшон дастгир шуданд. Дар маҷмуъ, дар давоми 4 амалиёт кормандони КДАМ ҶТ аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 30 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Дар айни замон нисбат ба ҳамаи ҳодисаҳои номбаршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома доранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ иттилоъ доданд.

Март 12, 2013 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст