Наврӯз паёми сулҳ ва дӯстии халқҳост

Март 20, 2013 16:03

Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар»). — Наврӯз яке аз олитарин идҳои башарият ба ҳисоб рафта, таърихи беш аз 5000- соларо дорост. Боиси ифтихор аст, ки бо Қатъномаи СММ дар 64-умин Маҷмаи кулл соли 2010 дар қатори дигар давлатҳо бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз «Иди байналмилалии тамоми халқҳо» эълон гашт.Наврӯз ҳикматҳои зиёде дошта, рӯзи ҷашнгирии оғози ҳаёти нав ба шумор меравад. Дар ин рӯз бояд аз гузашта фикр карда, ба оянда бо умед назар кунем. Ин лаҳзае мебошад, ки дӯстон, оила ва ҷамъиятро бо мақсади арзишҳо ва кӯшишҳо ба ҳам мепайвандад. Наврӯз ҳазорсолаҳост, ки аз ҷониби халқҳои Осиёи ғарбӣ, марказӣ ва ҷанубӣ, Қавқоз, Балкан ва дигар минтақаҳо ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз бо худ ҷилои ғаниеро муаррифӣ мекунад, ки ин бофандагӣ, расму тамоюл ва дигар идҳои баҳорӣ бо хушоҳангӣ дар табиат мебошад. Ин рӯз рӯзи шеъру сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва оростани мизи идона мебошад, ки гузаштаро бо оянда пайванд намуда, мардумони миллат, дин, забон ва фарҳангашон гуногунро вирди паёми сулҳ муттаҳид менамояд. Бо ҳидояти зеҳнӣ боз метавон гуфт, ки ин ид иди табодул аст.Наврӯз иқтидори мероси ғайримоддии фарҳанги инсониро таҷассум мекунад. Аз насл ба насл Наврӯз ҳисси давомат ва ба худ хосро ҳифз намудааст, ки аз қарнҳо то ба имрӯз омадааст. Аз ин лиҳоз, соли 2009 Наврӯз дар асоси Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳанги инсонӣ ворид карда шуд. Ин бо туфайли кӯшишҳои якҷояи якчанд давлате, ки ин идро ҷашн мегиранд, амалӣ гардидааст.Махсусан дар ин замони чаҳонишавӣ ба мо ҷашнвораҳои фарҳангие лозиманд, ки мардумро муттаҳид менамоянд ва алоқаи байни ҷамъиятро бо табиат қавӣ мегардонанд. Фарҳанг сарчашмаи муттаҳидӣ ва хирадмандии ҷамъият ба шумор меравад. Он ба мо харитаеро пешкаш мекунад, ки тавассути он метавон ҷаҳонро бо самтҳояш хонд. Он инчунин барои ҷомеаҳое, ки ин идро ҷашн мегиранд, дар рушд ва устувории экологии онҳо афзалиятҳои зиёд дорад. Дар ҳошияи омодагӣ ба соли ҳамкориҳои обӣ, ки соли 2013 дар Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон дастигирӣ ёфтааст, мо бояд муҳимияти фарҳангро ҳамчун асоси рушди устувор барои ояндаи ҳамагон дарк кунем.Наврӯз ин рӯзест рӯзи ваъдаҳо – ваъдаҳои ба ҳаёт ҷилои нав додан ва ба оянда бо умед назар кардан аст. Дар ин росто, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ҷиҳати дастгирӣ ва амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар омода буда, мунтазам таъкид медорад, то тариқи иди Наврӯз ҳамагон бояд ин паёми сулҳ, ризоият ва оштиро ба наслҳои оянда паҳн намуда, якҷоя амалӣ намоянд. Наврӯзи ҳамагон муборак бод!Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и ВКХ ҶТ Шаҳло Абдураҳимова.

Март 20, 2013 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст