«Парасту» ҳунармандонро ба сабқат мехонад
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбии кишвар—«Парасту» 5-уми апрел дар шаҳри Душанбе, дар толори театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ меёбад. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнвора то 17-уми апрел давом ёфта, дар он 16 театри касбӣ аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок хоҳанд кард. Дар ҷашнвораи «Парасту» спектаклҳое ба намоиш гузошта мешаванд, ки аз ҷониби драматургони тоҷик дар замони истиқлол офарида шудаанд. Беҳтаринҳои ҷашнвораро комиссияи босалоҳияте интихоб карда ва онҳо бо ҷоизаву туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки ҷашнвора дар ду сол як маротиба баргузор гардида, дар «Парасту»-и гузашта ҷоизаи аввалро театри Лоҳутӣ барои намоиши “Рӯдакӣ”-и Ҳошим Гадо ва театри ба номи Маяковский барои намоишномаи “Ишқи Парӣ”-и коргардон Баҳодур Миралибеков соҳиб шуданд








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






