«Р.Зойирови шаффофу озода», вале якка
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар»). – «Чаро давоми ҳамаи ин солҳо худам барин шахсони покизакору ҷасур ва босаводу принсипалиро дар атрофи худ ҷамъ оварда натавонистам? Ба қадри имкон он қадареро, ки метавонистам, ба як ҳизби камшумор ҷамъ овардам. Аммо дар ҷумҳурӣ шахсони покизакору ҷасур каму, босавод зиёд, вале шахсони принсипалӣ тамоман каманд. Ҳамаи ин сифатҳо ангуштшуморанд. Бехатарии ман ин шаффофияти ман аст». Р.Зойиров. Моҳи декабри соли гузашта аз давраи такроран сабт шудани Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон 10 сол пур шуд. Имсол, соли 2013, аз давраи мавҷудияти ҳизб 15 сол сипарӣ шуд, ки ин мӯҳлати кам нест. Баъди таҳлили фаъолияти он дар бораи кадом муваффақияту дастовардҳо метавон сухан кард? Созмоне, ки ду даҳсола боз чун ҳизби сиёсӣ дар низоми ҳизбии кишвар фаъолият дошта, вале дар низоми давлатӣ ягон мавқеи арзандаро ишғол карда натавонистааст, на зери унвони ҲСДТ ва на зери унвони ҲУСДТ. Шиори ҳизбии сотсиал — демократҳо иборат аз ҳиҷосозии бодабдабаи «Хирад. Адолат. Тараққиёт» мебошад. Дуруст аст, ки дар мавриди аввал мавҷудияти «хирад» ба назар намерасид, зеро дар мавриди аввал ҳизб «Адолат ва тараққиёт» ном дошт. Хотирнишон месозем, ки хирад имрӯз ҳам изофа нашудааст. Дар бахши «тараққиёт» ин шиор ҳам чун шиори нодаркор боқӣ мондааст. Магар мавқеъҳои изҳоршуда ба таври воқеӣ риоя мешуда бошанд? Фаъолияти аъзои он тайи ин солҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чи нафъе овардааст? ҲУСДТ таҳрири нави Оиннома ва барномаи фаъолият то соли 2015 – ро қабул намуд. Гарчи нуктаҳои Оинномаи пештара ва барномаи сиёсӣ ҳанӯз ҳам иҷро нашудаанд. Баъди сабти такрорӣ ҳизб ба Ҳизби умумихалқии сотсиал – демократии Тоҷикистон табдил ёфт. Вале тағйири унвон аслан дар фаъолияти он, дурусттараш дар натиҷаи бефаъолиятӣ, чизеро тағйир надод.Сотсиал – демократҳо соли 2012 – ро «соли муошират бо халқ» эълон карда, тасдиқ намуданд, ки ин боз як бефаъолиятӣ ва авомфиребии пучи ҲУСДТ будааст. Р.Зойиров ҳизби худро мухолифи «поквиҷдону созанда» қаламдод карда, вале самараи созандагии онро то ҳол касе ҳис накардааст. Роҳбари ҳизб оҷизию сустии худро ба таври зайл маънидод мекунад: «… ҳоло мо беқувватем». Ва ин (аз афташ он беқувватӣ бошад?) дар поквиҷдонию покдилии мо зуҳур меёбад. Вале, беқувватии асосии мо ин қувваи заковати мо ва зеҳни ҳизбии мост». Роҳбари ҳизб Р.Зойиров дар мавриди зеҳну заковат ва «хирад» ба мақоми маркази зеҳнии созмони мазкур иддао дорад. Вале дар асл қобилияти касбии ҳуқуқии вай барои мавриди истифода қарор гирифтанаш ҳаргиз мавқеи шоиста пайдо карда наметавонад. Ба гуфтаи Р.Зойиров то нимаи солҳои 90 – ум «фақат аз нуқтаи назари илмӣ ба сиёсат машғул буд. Сипас кӯшиш намуд, ки донишҳои ҳуқуқиашро дар ҷунбишу ташкилаҳои мухталифи нав мавриди истифода қарор диҳад. Яъне, чун пештара, барои ҷомеа на худи вай ва на ҳамсафонаш ягон кори муфидро ба ҷо наоварданд. Ҳамаи фаъолияти пурғавғои ҷамъиятии ӯ дар атрофи лоиҳаҳои оммавие чарх мезаданд, ки дар амвоҷи парокандашавии ИҶШС ба миён омада буданд. Ҷолиби диққат аст, ки маҳз ба он созмону ҷунбишҳои сиёсие маслиҳат медод, ки баъдан худро дар пеши назари аҳли ҷамъият бадном карданд. Ӯ ҳамчунин бо бисёр созмонҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ ҳамкорӣ менамуд, ки дар қаламрави ҶТ на фақат вазифаи гуманитариро иҷро мекарданд, балки дар хидмати хадамоти махсуси давлатҳои ғайри дӯсти мо қарор доштанд. Р.Зойиров инро дониста, кӯшиш менамуд, ки манфиати онҳоро ҳимоя ва дастгирӣ кунад. Албатта, бо мақсадҳои ғаразнок. Иштироки Р. Зойиров дар таҳияи якчанд намунаҳои Конститутсияи Тоҷикистон нисбат ба Конститутсияи амалкунанда нобарор буд. Ҳамаи лоиҳаҳои ӯ нақшаҳои ботил будаанд. Ӯ барои ҳамсояҳои наздиктарини мо муваффақонатар кор кард – дар иншои матни Констутитусияҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок намуд. Рафтори фаҳмои меркантилӣ, вале на ватандӯстона. Р.Зойиров ҳамзамон ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти волидайн барои тарбия ва таълими фарзандон» онро ҷасурона танқид намуда, лоиҳаи «аз нигоҳи ҳуқуқӣ бесаводона тартибёфта» қаламдод кард, вале худи ӯ ба комиссия пешниҳодҳои судмандро ироа накард. Роҳбари ҲУСДТ аксаран донишу заковати ҳуқуқшиносии худро нишон доданӣ шуда, вале дар ғафлат мемонад. Дар барномаи сиёсии ҲУСДТ шиор перомуни мустаҳкам намудани амният ва қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтааст. Вале сотсиал — демократҳо дар ин самт аслан зидди ҳар ташаббус ё фаъолияти ҳукуматдорон мебароянд. Мо фақат шоҳиди мулоҳизаҳои бефоидаи онҳо мегардем. Маълум мешавад, ки нуктаҳои назариявии Оинномаи ҲУСДТ дар асл ба ҳақиқат рост намеоянд. Масалан, ҳангоми муҳокимаи мӯҳлати буду боши пойгаҳи низомии 201 – уми Русия дар Тоҷикистон ҳамин ҳолат рух дода буд. Ҳангоми моҷаро дар мавриди халабонҳои Русия ва Эстония низ чунин ҳодиса рӯй дод. Дар он вақт ҳуқуқшиноси касбӣ Р. Зойиров то давраҳои беҳтарин ва равшан шудани вазъ бо тарсу ваҳм зери буттаҳо пинҳон шуда, воқеаро аз нигоҳи ҳуқуқӣ арзёбӣ накард. Дар ин мавҷудият, ё ки аниқтараш мавқеи шаҳрвандӣ надоштани ин мансабдори сиёсӣ зоҳир гардид. Дар гуфтори мансабдорони расмӣ, ходимони ҷамъиятию сиёсии Русия ва Тоҷикистон аз рӯи масъалаи баҳснок перомуни «халабонҳои сарнагун» ва маъракаҳои зиддитоҷикистонӣ дар ВАО ва воқеият мо фақат садоҳоеро нашунидем, ки одатан раиси ҲУСДТ Р.Зойиров – ҳуқуқшиноси касбӣ, собиқ мушовири калони Президенти ҶТ оид ба масоили ҳуқуқӣ медод. Пештар ӯ худро «шаҳрванду фарзанди кишваре медонист, ки номи он Тоҷикистон аст». Вале ӯ дар давраи барои ватан зарурбуда пинҳон шуда ва хомӯширо ихтиёр намуд. Ҳол он ки дар он вақт бародарони тоҷики вай таъқибу тазъиқ мешуданд.Имрӯз, дар арафаи интихоботи Президент ва парлумон, роҳбари ҲУСДТ боз кӯшиш менамояд, ки мавзӯи иловаю ислоҳот ба Конститутсияи Тоҷикистонро рӯи об барорад. Ин масъала солҳои зиёде, сар аз солҳои 2005 – 2006 Р.Зойирови ҳуқуқшиносро ором намегузорад. ҲСДТ – и ҷавон ҳанӯз ҳамон вақт, баъди интихоботи парлумон дар бораи эътироф накардани натиҷаи он изҳорот дода, талаб карда буд, ки овоздиҳии такрорӣ гузаронида шавад. Дар он вақт роҳбари ҳизб ташаббускору ташкилотчии ҷамъомаду роҳпаймоиҳо гардида, дар ҳаққи намояндагони ҳукумат таҳқиру тӯҳмат ва усулҳои дигари ғайри қобили қабулро раво медонист. Вале ҳамаи ин интиқод, ки барои ҲСДТ – ҲУСДТ басо хос аст, минбаъд ҳам хусусияти судбахш надошта, авомфиребӣ ва танқиди бефоида буд. Мавқеи ин ҳизб ва раиси он, гуфтору талабҳои онҳо аслан дар ягон васоити ахбори омма ҷой дода нашуданд. Вазъият дар соли 2006 ҳам такрор ёфт. Дар он вақт Р.Зойиров аз қарори Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ дар бораи натиҷаи интихоботи Президент шикоятнома фиристода, аз натиҷаи он шикоят карда, беасос изҳор дошт, ки «Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқи ба ин мансаб интихоб шуданро надорад, зеро ҳамаи мӯҳлатҳои имконпазири пешбариаш ба ҳайси Президенти Тоҷикистонро адо кардааст». Президент Э.Раҳмон аз рӯи натиҷаи интихоботи моҳи ноябр тақрибан 80 фоизи овози интихобкунандагонро ба даст оварда буд. Интихоботро ҳамаи мушоҳидони ҷаҳон эътироф намуданд, сарфи назар аз якчанд фикру мулоҳиза дар мавриди ҷараёни худи интихобот. Усулу қоидаи аз ду якеро интихоб кардан ба мансаби президент риоя гардид. Ҷониби мухолиф интихоботро бой дод, зеро асосан ба сохторсозӣ ва бунёди созмонҳо, ҷангу ҷидол ва тақсимоти байниҳизбӣ машғул буд. Ҳоло Р.Зойиров ҳасад бурда, боз беасос чунин изҳор медорад: «он вақт интихоботи Президент ва Сарвари ҳозираи давлат ба қадри кофӣ на дастгирии дохилиро дошту на дастгирии хориҷиро … ва лозим буд, ки маркази ақлонӣ, яъне Зойиров дур карда шавад». Сарфи назар аз вуҷуд доштани чунин «маркази ақлонӣ», ҳамаи рафтор ва суханронию шарҳи аъзои ҲУСДТ – ро рафтори оқилона ном бурдан душвор аст, зеро онҳо хусусияти бесарусомонию зиддиконститутсионӣ дошта, хилофи манофеи давлат ва шаҳрвандони ҶТ мебошанд. Р.Зойиров аксаран даъво мекунад, ки гӯё пешниҳодоти онҳоро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолият «ҳукумат рад мекунад». Вале, гарчи барномаи сиёсии ҲУСДТ «таъмини дастрасӣ ва имконияти шаҳрвандонро дар иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар амри қабули қарорҳо» зикр медорад, вале роҳбарон ва аъзои он аслан иштироки фаъолонаро дар ҳаёти кишвар ва қабули қарорҳои якхела, ба ҷуз суханрониҳои бефоида дар ВАО, риоя намекунанд.Роҳбари ҲУСДТ дар соли гузаштаи 2012 фаъол шуда, фаъолияти сиёсиро вусъат бахшид. Консорсиуми юридикии вай, ки солҳои зиёде амал намекард, корашро аз нав давом дод, ки он иборат аз роҳандозии машварату ҷаласаҳо мебошад. Ҳуқуқшинос Р.Зойиров боз нишон доданист, ки барои такмили қонуну низомномаҳои мо амал мекарда бошад. Вай ҳамеша кӯшиш дорад, ки онҳоро такмил диҳад. Ҷаласаи алоҳида дар мавзӯи «Зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуда буд. Ҷолиби диққат аст, ки ягон муассисаи худро эҳтиромкунанда нахост, ки биноҳои худро ба ҲУСДТ иҷора диҳад. Маркази тадқиқоти стратегӣ, меҳмонхонаи «Каён», Иттифоқи нависандагон, Академияи илмҳои ҶТ ва ғайра аз қабили онҳоанд. Ин ҳолат шаъни ҲУСДТ – ро баланд намебардорад ва обрӯи роҳбари онро зиёд намекунад. Ҷаласаю муҳокимарониҳо дар вазъияти ғайрирасмию тифоқ дар хонаи Р.Зойиров баргузор мешаванд. Яъне, вазъи қариб факонавие рух додааст, ки кӯшиш доранд, қонунҳои конститутсионии кишварро дар курсии хона такроран навишта гиранд.Р.Зойиров барои омодагӣ ба интихоботи пешорӯ асрори касношунидро интихоб карда, тасмим гирифт, ки таъсири сиёсиро инҳисороти худ қарор диҳад, ба таври сунъӣ «рақобати солим» — ро ба миён орад. Ӯ чунин менависад: «Агар як ҳизб 90 фоизи овозҳоро гирад, фақат 60 фоизро мансуби он дониста, боқиашро байни ҳизбҳои дигар тақсим мекунанд. Ба ҳизбҳо доштани беш аз 50 фоизи овозҳо манъ аст». Р.Зойиров дар ин «рушди рақобат, мувофиқат ба манфиатҳои ҷомеа» ва албатта, ягона имконияти роҳбари сиёсӣ буданро мебинад. ҲУСДТ худро ҳизбе эълон мекунад, ки «ҷонибдори қонуният, адолат ва рушди демократӣ буда, Конститутсия ва қонунҳои мамлакатро ба таври муқаддас риоя менамояд». Зеро, мувофиқи моддаҳои Конститутсия роҳбари ҳизб ва аъзои он бояд дар хотир дошта бошанд, ки гарчи «ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон дар заминаи плюрализми сиёсию идеологӣ рушд меёбад», вале «идеологияи ягон ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятию динӣ, ҷунбиш ё гурӯҳро ҳамчун идеологияи давлатӣ эътироф кардан мумкин нест. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо ба миён оварда мешаванд ва амал мекунанд». Р.Зойиров қонунӣ будани интихоботи президентро рад намуда ва инро бо мантиқи худ тафтиш карда, ба ҳамаи онҳо (солҳои 1994, 1999 ва 2006) хатти батлон гузошт. Вай бо ин амалаш ҳамзамон қонунӣ будани Президент, таърихи бисёрсолаи Тоҷикистони мустақил ва аз ҷониби ҳамаи ҷомеаи ҷаҳон эътироф шудани Сарвари қонунан интихобшудаи моро зери шубҳа гузошт. Ин ҳанӯз ҳам ба роҳбари ҲУСДТ умед мебахшад, ки ба курсии президентӣ нишинад. Р.Зойиров ба муаррифишавии тӯлонӣ омода шуда, аллакай лоиҳаҳои се фармонро тайёр кардааст. Вале ин сиёсатмадор таннозию маккориашро бо мусоҳибон ҳамоно давом медиҳад: «Росташро гӯям, ман кӯшиш намекунам, ки ҳатман президент бошам. Агар кадом касе, кадом номзаде маро ё ҲУСДТ – ро бовар кунонад, ки аз нигоҳи нерӯ, захира, барнома, даста ва ғайра нисбат ба ман номзади арзандатар шуда метавонад, ман тайёрам, ки чунин номзадро дастгирӣ намоям». «Бародарони ҳамяроқ» дар шахсияти қувваҳои мухолифини Тоҷикистон одилона чунин мешуморанд, ки ҲУСДТ фақат метавонад ба интиқод машғул шавад, вале худаш ягон чизи амалиро пешниҳод карда наметавонад, бинобар ин аз роҳбари он худро канор мегиранд, бо ӯ робита намекунанд, даъватҳои бо вай якҷо шуданро рад менамоянд. Р.Зойиров ҳамчун устоди изҳороту иғвогариҳои «овозадори» сиёсӣ маълум аст. Ӯ дар интихоботи парлумон шикаст хӯрда, гоҳ — гоҳ тадбирҳои навбатиро роҳандозӣ мекунад, то диққатро ба худ ва созмонаш ҷалб намояд. Гоҳ – гоҳ додани изҳороти бодабдаба як навъ анъана ва тактикаи сиёсӣ гардидааст. Баъди ба охир расидани мавзӯъҳои «арзанда» Р.Зойиров вазъияти таъқибшавӣ аз рӯи фаъолияти сиёсиро паҳн карда, дар бораи кӯшишҳои заҳролудгардонӣ афсонаҳо мебофад. Вай дар бораи заҳрдиҳӣ ва кӯшиши нобудсозии ҷисмонӣ сухан ронда, ба иштироки хадамоти махсуси кишвар ба ду сактаи қалби худ ишора мекунад. Яъне аз бемориҳои табиии худ худбинӣ карда, ин ҳодисаҳои тиббиро барои шӯҳрат додани худ истифода мебарад. Вале ӯ чун собиқ ҳуқуқшиноси касбӣ бояд фаҳмад, ки барои айбномаҳои бардурӯғи оммавӣ ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Ӯ бояд аз хулосаҳои ғалат ва дар ВАО дарҷ намудани онҳо, худдорӣ намояд. Агар Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи истифодаи васоити ахбори оммаро дода ва сонсури давлатию таъқибот барои танқид манъ шуда бошад, ин маънои онро надорад, ки Р.Зойиров ҳуқуқи барои суханони тӯҳматомез ва рафторҳои иғвогаронааш ҷавоб надоданро дошта бошад. Ҳодисаҳои мақолаҳои КҶ ҶТ – ро бесаводона шарҳ додани ӯ ва ҷойҳои корашро доимо иваз кардани ҳуқуқшиноси маслиҳатгар, ки дар ҷойи кор аз 1 — 2 сол зиёдтар истода наметавонад, аз ҳуқуқшиноси касбӣ набудани ӯ далолат мекунанд. Ба фаъолияти «касбии вай» тӯҳмату фиребгарӣ хос аст, чуноне ки ҳуқуқшиноси ба рақс даъватшуда Р.Зойиров ҳаққи қаламашро аз ширкати телевизионии «Сомониён» гирифта, кори пешакӣ маслиҳатшудаи адвокатиашро иҷро накард. Дар баробари ин, вай ба даъватҳои чандинкаратаро дар бораи ҳозир шудан ба идораи суд рад намуд.Ҳамаи ташаббусҳои Р.Зойиров барор намекунанд. Р.Зойиров барои ҷумҳурӣ чизеро анҷом надода, фақат бо лоиҳаҳо ва рафтори иғвогаронаи худ «ном баровард». Чунин аст феҳрасти нопурраи хидматҳои бардурӯғи ӯ, аз қабили танқиди амали хадамоти махсус нисбат ба ҷинояткор А.Давлатов (Алии Бедакӣ) ва ҷорӣ намудани қонуну тартибот дар шаҳри Хоруғ, айбдор намудани зиёиёни тоҷик ба тарсончакӣ ва беқатъият барои рӯ гардонидан аз ҳамроҳ шудан ба эътилофи навташкили ӯ, ки изҳоротро дар ҳаққи ҳукумат баъди бозгардонидани донишҷӯёни хилофи қонун таҳсилкунанда аз кишварҳои исломӣ, танқиди беасоси Қонун «Дар бораи масъулияти волидайн барои таълиму тарбияи фарзандон», изҳорот дар мавриди он, ки «Сохтмони аср — Роғун хилофи сиёсати иҷтимоист» ва «варианти Гурҷистон (инқилоби ранга) барои Тоҷикистон қобили қабул аст».Бинобар ин, дурусттар мебуд, ки ҲУСДТ шиори «Хирад. Адолат. Тараққиёт» — и худро, ки ба воқеияти имрӯза мувофиқат намекунад, ба «Бемулоҳизагӣ, беадолатӣ, таназзул» иваз кунад. Ба ҳар ҳол ин аз рӯи виҷдон мешуд. Албатта, агар гӯем, ки Р.Зойиров дар бораи чӣ рафтани суханро пайхас мекунад! Ю.Бобоев








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






