Реҷаи додани барқ ба аҳолӣ ба 18 соат расид
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШКСХ «Барқи тоҷик» соатҳои ба аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон додани барқро зиёд намуд. Акнун аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон ҳар шабонарӯз баробари 18 соат нерӯи барқ мегиранд. Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти ШКСХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони мавсуф, реҷаи рӯзона дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ пурра қатъ шудааст. Пештар минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз муддати 12 соат нерӯи барқ мегирифтанд. Ҳоло онҳо ҳар шабонарӯз аз соати 5:00 субҳ то соати 23:00 шом 18 соатӣ нерӯи барқ мегиранд. Қобили зикр аст, ки реҷаи нерӯи барқ дар кишвар дар даҳаи аввали моҳи октябри соли 2012 ҷорӣ шуда буд.








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






