Сафари расмии вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ба Тоҷикистон
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»).- 28 марти соли 2013 сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисов ба Тоҷикистон сурат мегирад. Пешбинӣ шудааст, ки зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон мулоқот хоҳад кард. Ба иттилои сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев, дар барномаи боздид мулоқоти хоссаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, гуфтушунидҳои ҳайатҳои ду ҷониб пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми мулоқотҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар фарҷом вазирон «Барномаи ҳамкории байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои соли 2013»-ро ба имзо хоҳанд расонд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






