Сатҳи таваррум ба 1,1 фоиз баробар шуд

Март 16, 2013 10:23

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Тибқи маълумотҳои оморӣ дар давраи январ — феврали соли равон яке аз нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ – таваррум ба 1,1 фоиз баробар шуд. Бояд гуфт, ки дар моҳи феврали соли равон таваррум 0,6 фоизро ташкил намуд. Сатҳи таваррум дар давоми 12 моҳи охир ба 7,0 фоиз баробар шуд. Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил, ки ҳамчунин яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, дар моҳи феврали соли ҷорӣ чун моҳҳои пешин дар сатҳи 6,5 фоиз бе тағйир қарор дорад.

Март 16, 2013 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст