Созмони собиқадорони ВКД, фаъолият ва дурнамои он
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).- 28 март дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат конфронси 6-уми ғайринавбатии интихоботи Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилии ҶТ доир гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар конфронс иштирокчиён оид ба нақш ва саҳми намоёни собиқадорони милитсия дар пешрафти фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти мазкур, тарбияи кадрҳои ҷавон ва робитаю ҳамкории ҳамешагии собиқадорон ёдовар шуданд.Намояндагон- собиқадорони вилоятҳои Бадахшон,Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти Созмони собиқадорон изҳори андеша карда, аз дастгирӣ ва кӯмакҳои вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Ҳамроевич Раҳимов арзи сипос намуданд. Бахусус, намояндаи собиқадорони вилояти Хатлон ба истифода додани дармонгоҳи тиббии РВКД вилояти Хатлонро ёдовар шуда, аз он изҳори миннатдорӣ кард, ки дар дармонгоҳи мазкур нисбат ба собиқадорони соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад ва табобат барои онҳо ройгон аст.Бо истифода аз баргузории конфронс бо фармони вазири корҳои дохилӣ 10 нафар бо нишони сарисинагии «20-солагии таъсиси Созмони собиқдорони ВКД», 16 нафар бо «Ифтихорномаи фахрӣ» ва 12 нафар бо «Сипоснома»-и Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






