Таҷлили Наврӯзи ҳизбиёни вилояти Суғд

Март 20, 2013 14:29

Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар маркази деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар саҳни ширкати «Нур» чорабинии наврӯзии ҳизбиёни вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ баргузор гардид. Мардум бо руҳи болида хаймаҳои наврӯзӣ ороста, дастранҷи ҳунармандони худро ба намоиш гузоштанд.  Як сӯи дигар мусобиқаи гӯштини миллӣ ҷараён дошта, паҳлавонони деҳа байни ҳам қувваозмоӣ мекарданд. Бозиҳои қадима, аз қабили арғунчакбозию ҳаппакбозӣ, лалакпаронию бодбаракпаронӣ ба ҷашни Наврӯз ҳусни хосса зам мекарданд. Тамошои хаймаҳои наврӯзӣ, маҳсули дастони бонувони ҳунарманди деҳа, анъанаҳои мардумӣ аз қабили хурӯсҷанг ба ҷашн шукуҳу шаҳомати тоза мебахшид. Ин анъанаҳои мардумӣ руҳи меҳмонон ва ҳам иштирокдорони чорабинии наврӯзиро сахт болида дошта, зиёда аз панҷ ҳазор мардуми маҳаллиро гирди ҳам овард. Ба чорабинӣ барномаи адабӣ-мусиқии аҳли фарҳанги вилоят шукуҳу шаҳомати тоза бахшид. Чунин чорабиниҳои наврӯзӣ аз ҷониби ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дошта, хатнасури фарзандони оилаҳои ниёзманд баргузор шуда истодааст.Дар ин бора аз Маркази таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.

Март 20, 2013 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад